Ссылки доступа

Қирғизистон 79 кӯдаки шаҳрвандонашро аз Ироқ ба ватан овард


Вазорати умури хориҷии Қирғизистон хабар дод, ки дар доираи маъмурияти башардӯстонаи "Мээрим" 79 кӯдакро аз Ироқ ба ватан оварданд.

Ба огаҳии вазорат, кӯдакони қирғиз 16 март тавассути ҳавопаймо аз Ироқ ба Қирғизистон оварда шуданд.

"Баъди гуфтугӯҳои тӯлонӣ бо мақомоти Ироқ охирҳои моҳи феврали соли равон барои баргардонидани кӯдакони шаҳрвандони Қирғизистон ба ватан як гуруҳи корӣ ба он кишвар фиристода шуда буд", - омадааст дар иттилоияи Вазорати умури хориҷии Қирғизистон.

Ба гуфтаи масъулони вазорат, кӯдакон бо розигии модаронашон ба Қирғизистон оварда шудаанд.

Бино ба маълумоти Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон, то имрӯз 850 шаҳрванди ин кишвар ба Сурия рафта, аз ин миён 150 танашон дар задухӯрдҳои мусаллаҳона ҷон бохтаанд. Дар миёни онҳо, ки ба гуруҳи террористии "Давлати Исломӣ" пайвастаанд, 140 зан низ ҳаст.

XS
SM
MD
LG