Ссылки доступа

IKEA аз бунёдшавии корхонааш дар Узбекистон хабар надорад


Хоким (глава) Ташкентской области Даврон Хидоятов сообщил Шавкату Мирзияеву 8 февраля об открытии мебельной фабрики IKEA в Чирчике.

Раиси вилояти Тошканд Даврон Ҳидоятов 8 феврал ба президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев ҳисобот дод, ки ширкати шведии "IKEA" дар доираи як тарҳи сармоягузорӣ дар шаҳри Чирчиқи вилоят корхонаи мебелсозӣ бунёд мекунад.

Ҳидоятов дар ҳисоботи худ қайд кард, ки ин ширкати шведӣ дар лоиҳаи мазкур 52 миллион доллар харҷ мекунад ва барои бунёди корхона аллакай 5,5 гектар замин ҷудо карда шудааст.

Расонаҳои маҳаллии Узбекистон хабар доданд, ки "IKEA​" тасмим гирифтааст, корхонаи нави мебелсозиро дар вилояти Тошканд дар давоми 22 моҳи оянда бунёд кунад.

Вале масъулони IKEA, ки яке аз бузургтарин ва бонуфузтарин ширкатҳои мебелсозӣ дар ҷаҳон шумурда мешавад, ба бахши узбекии Радиои Озодӣ гуфтанд, аз бунёд шудани корхонаи навашон дар вилояти Тошканд хабар надоранд.

"Бояд гуфт, ки IKEA тасмим дорад, то соли 2025 барои афзоиши шумори муштариёни худ ба 12 бозори нав ворид шавад. Вале Узбекистон ба ин бозорҳо шомил намешавад. На IKEA Industry ва на ширкати зертобеи он - IKEA нияти бунёди корхона дар Узбекистонро надоранд", - омадааст дар посухи ширкат ба бахши узбекии Радиои Озодӣ.

XS
SM
MD
LG