Ссылки доступа

Фаъоли боздоштшудаи қазоқ барои напардохтани ҷарима 20 рӯзи дигар ҳабс мешавад


Додгоҳе дар Чимкенти Қазоқистон фаъоли маданӣ Нурҷон Муҳаммадовро барои насупоридани 223 ҳазор танга (наздики 530 доллар) ҷарима, ки барои "таҳқири намояндаи ҳукумат" таъйин шуда буд, 20 рӯз ҳабс кард.

Ҳукми ҳабси Муҳаммадов, ки аз 6 январи соли равон дар доираи парвандаи "иштирок дар фаъолияти созмони мамнуъ" дар ҳабс аст, 15 марти соли равон содир шудааст.

Додраси парванда гуфтааст, Муҳаммадов моҳи ноябри соли гузашта барои "таҳқири корманди пулис" 80 нишондиҳанда ҷарима шуда буд, вале ӯ маблағро насупоридааст. Бинобар ин, 20 рӯз ҳабс мешавад.

Вале ҳамсари фаъоли қазоқ Бағлон Муҳаммадова гуфт, шавҳараш аз пардохти ҷарима саркашӣ накардааст. "Ӯ ба хотири дар ҳабс будан натавонист ҷаримаро супорад", - изҳор дошт Муҳаммадова. Худи Муҳаммадов, ки дар мурофиа онлайнӣ иштирок дошт, гуфт, омодааст, баъди озод шудан мошинашро фурӯхта, ҷаримаро супорад.

20 рӯз ҳабси Муҳаммадов аз кадом сана ҳисоб мешавад, маълум нест.

Додгоҳи шаҳрии Чимкент 19 декабри соли гузашта фаъоли маҳаллӣ Нурҷон Муҳаммадовро бо айби "таҳқири намояндаи ҳукумат" ҷарима карда буд. Ӯ гӯиё рӯзи 25 октябри соли 2020 ҳангоми интиқол ёфтан ба додгоҳ кормандони пулисро таҳқир кардааст. Муҳаммадов айби эъломшударо рад карда буд.

Нурҷон Муҳаммадов аз ҷумлаи фаъолонест, ки дар чандин гирдиҳамоӣ дар Қазоқистон ширкат кардаанд.

XS
SM
MD
LG