Ссылки доступа

Фаъоли қирғиз Кудайбергенов дар "даъват ба ғасби ҳукумат" айбдор мешавад


Раёсати пулиси шаҳри Бишкеки Қирғизистон мегӯяд, дар навиштаҳои фаъоли маданӣ Тилекмат Кудайбергенов дар шабакаҳои иҷтимоӣ "даъват ба беназмии оммавӣ ва ғасби ҳукумат аз роҳи хушунат"-ро ошкор кардааст.

Ба огаҳии манбаъ, зидди фаъоли мадании қирғиз бо ду банд -- "Даъват ба ғасби ҳукумат аз роҳи хушунат" ва "Қасди беназмии оммавӣ"-и Кодекси ҷиноии он кишвар парванда боз карда шудааст.

Худи Кудайбергенов 15 марти соли равон дастгир шуда, ҳоло дар боздоштгоҳи Раёсати пулиси пойтахти Қирғизистон қарор дорад.

Тилекмат Кудайбергенов яке аз бунёдгузорони асосии ҳаракатест, ки моҳи декабри соли 2020 барои ҳимояти кони Жетим-Тоо таъсис ёфта, зидди додани он ба сармоягузорони хориҷӣ аст. Ӯ ҳамчунин яке аз ташкилкунандагони тазоҳуротест, ки 9 март зидди лоиҳаи Конститутсияи нави Қирғизистон ташкил карда шуд.

XS
SM
MD
LG