Ссылки доступа

Пулиси Қирғизистон таҳдид ба рӯзноманигоронро таҳқиқ мекунад


Раёсати пулиси шаҳри Ӯши Қирғизистон эълом кард, ки таҳқиқи таҳдидҳо ба хабарнигорони сомонаи Factcheck.kg ва фаъоли маданӣ Улан Усойунро дар шабакаҳои иҷтимоӣ оғоз кардааст.

Сухангӯи пулиси Ӯш дар суҳбат бо бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфт, таҳдид ба рӯзноманигорон бо банди "Майдаавбошӣ" таҳқиқ мешавад.

Пештар хабар дода шуд, ки дар Ӯш роҷеъ ба мавзуи далелсанҷӣ чорабиние баргузор мешавад ва дар он хабарнигорони сомонаи Factcheck.kg Асел Сооронбоевау Ярослав Тартиков ва Улан Усойун иштирок хоҳанд кард.

Баъди нашри ин эълом дар шабакаи иҷтимоии Facebook корбаре бо номи Али Абдразаков даъват кард, ки ба баргузории чорабинии мазкур иҷозат дода нашавад. Дар зери даъвати ӯ бархе аз корбарон созмондиҳандагони чорабиниро таҳдид карданд, ки нигаронии ҷомеаи шаҳрвандии Қирғизистонро ба бор овард.

XS
SM
MD
LG