Ссылки доступа

Коршиносони амрикоӣ бехатарии сади обанборҳои Узбекистонро месанҷанд


Прорыв дамбы на Сардобинском водохранилище в мае 2020 года

Коршиносони амрикоӣ дар якҷоягӣ бо намояндагони Нозироти давлатӣ ва ниҳодҳои дигари Узбекистон аз 15 то 28 марти соли равон вазъи обанборҳо ва садҳои Ҳисораку Тупаланги он кишварро хоҳанд омӯхт.

Бино ба хабари расонаҳои маҳаллӣ, мутахассисони хориҷӣ дар доираи созишномае вориди Узбекистон шуданд, ки бо муҳандисони низомии артиши ИМА (USACE) ҳосил гашта буд.

Онҳо дар баробари омӯхтани санадгузории техникии иншоот садҳоро низ бевосита бо таҷҳизоти замонавӣ хоҳанд санҷид. Дар асоси хулосаи санҷиш роҷеъ ба иқтидори садамаҳо, оқибатҳои эҳтимолӣ ва баланд бардоштани сатҳи бехатарии садҳо машваратҳо ироа карда мешавад.

Намояндагони USACE охирҳои моҳи январи соли равон барои мутахассисони узбек, ки масъули бехатарии обанборҳо ҳастанд, семинари омӯзишии онлайнӣ баргузор карда буданд.

Ин дар ҳолест, ки 1 майи соли гузашта садди обанбори Сардобаи Узбекистон канда ва боиси марги шаш тан шуд. Ҳамзамон наздики 70 ҳазор касро ба ҷои амн кӯчониданд. Обанбори Сардоба соли 2017 бо харҷи 404,4 миллион доллар сохта шуда буд. Дар пайи рахнаи он чанд минтақаи Узбекистон ва Қазоқистон зери об монд.

XS
SM
MD
LG