Ссылки доступа

Узбекистон 660 ҳазор моя ваксинаи AstraZeneca дарёфт кард


Рӯзи 17 март аз Ҳиндустон ба шаҳри Тошканди Узбекистон 660 ҳазор моя ваксинаи COVISHIELD зидди коронавирус ё COVID-19 интиқол дода шуд. Узбекистон ин ваксинаҳоро дар доираи барномаи COVAX ройгон дарёфт кард.

Ваксинае, ки дар ихтиёри Хадамоти санитарӣ-эпидемиологии Узбекистон гузошта мешавад, бо кумаки ЮНИСЕФ дастрас карда шуда, маблағи умумии он 1,98 миллион доллар аст.

Дар хабарҳои расмӣ гуфта нашудааст, ки ваксинаи COVISHIELD ин номи ҳамон ваксинаи AstraZeneca аст ва дар Ҳиндустон истеҳсол мешавад. Дания, Норвегия, Исландия, Итолиё, Олмон, Фаронса, Испониё ва Булғористон баъди оқибатҳои манфии ваксина аз он даст кашидаанд.

Барномаи COVAX барои таъмини кишварҳои фақир бо ваксинаи ройгони зидди коронавирус ташкил шудааст. Узбекистон имсол дар доираи ин барнома 2,64 миллион моя ваксинаи AstraZeneca дастрас хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG