Ссылки доступа

Дар тирпарониҳои Ҷорҷия ҳашт нафар кушта шудааст


Дар натиҷаи тирандозӣ дар се маркази фароғатии иёлати Ҷорҷияи Амрико 16 март ҳашт нафар ҷон бохтааст. Гумонбар боздошт ва ҳабс гаштааст.

Сардори пулиси ҳавзаи Черокӣ Ҷей Бейкер хабар дод, ки гумонбар - марди 21-сола дар 240-километрии ҷанубу ғарби Атлант дастгир шуд.

Ба гуфтаи Бейкер, бештари қурбониён занони осиёитаборанд. Вале номбурда дар бораи сабабҳои ҳодиса чизе нагуфт. Ӯ танҳо илова кард, ки тафтиши тирпаронӣ идома дорад.

Чаҳор нафар дар маркази масҳгарии Акворт, дар наздикиҳои Атлант кушта шудаааст. Пулиси Атлант хабар дод, ки дар маркази фароғатии Gold Massage Spa низ се ҷасад пайдо шудааст. Як тани дигар дар маркази Aroma Therapy ҷон бохтааст.

Ба иттилои мақомоти маҳаллӣ, дурбинҳои назоратӣ шахси гумонбарро ҳангоми наздик шудан ба яке аз марказҳо сабт кардаанд ва сардори пулиси минтақа низ бо нашри навор дар шабакаҳои иҷтимоӣ барои шиносоии ӯ аз сокинон кумак хостааст.

XS
SM
MD
LG