Ссылки доступа

Алмато маҳдудиятҳоро дар рӯзҳои истироҳат сахттар кард


Сардухтури беҳдоштии шаҳри Алматои Қазоқистон Жандарбек Бекшин 16 март қарори навбатии худро имзо кард, ки ҷорӣ кардани як қатор маҳдудиятҳоро дар рӯзҳои истироҳат ва ҷашнӣ пешбинӣ мекунад.

Бар асоси қарор, дар Алмато аз 20 март дари театр, синамо, толорҳои консертӣ, марказҳои компютерӣ ва сирк баста шуда, баргузории чорабиниҳои варзишӣ бо ҳузури тамошобинон манъ хоҳад буд.

Ҳамчунин фаъолияти нақлиёти ҷамъиятии шаҳр маҳдуд карда мешавад. Нақлиётҳои ҷамъиятии шаҳрию беруназшаҳрӣ аз соати 06:00 10:00 ва аз соати 17:00 то 22:00 фаъолият хоҳанд кард.

Сардухтури беҳдоштии Алмато гуфта, ки на камтар аз 60 дарсади кормандони ширкатҳо низ бояд ба кори фосилавӣ гузаранд.

Фурӯшгоҳҳои маҳсулоти ғизоӣ низ дар рӯзҳои истироҳату ҷашнӣ то нимашаб баста буда, бозорҳо дар он рӯзҳо кор намекунанд.

Бино ба иттилои Вазорати тандурустии Қазоқистон, 16 март дар он кишвар 954 ҳолати нави мубталошавӣ ба коронавирус сабт шудааст.

XS
SM
MD
LG