Ссылки доступа

Фаъоли қирғиз баъди норозигӣ аз Конститутсияи нав бедарак шуд


Фаъоли маданӣ Қамчӣ Нурбек уулу, ки зидди истихроҷи кони Жетим-Тоо ва қабули Конститутсияи нави Қирғизистон баромад мекард, аз дирӯз ба ин сӯ бедарак аст.

Дар ин бора раҳбари Ҳаракати "Зидди Хонститутсия" Жениш Молдокматов ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, Қамчӣ Нурбек уулу 16 март бо онҳо тамос гирифта, гуфтааст, аз сӯи афроди ношинос боздошт шудааст. Баъди ин фаъоли маданӣ бедарак шуда, талошҳо барои тамос бо ӯ бенатиҷаанд. Вакилони дифоъ ҳоло талош доранд, маҳалли будубошашро пайдо кунанд.

Молдокматов мегӯяд, дар Қирғизистон рӯзҳои ахир фишор ба фаъолоне сахттар шудааст, ки зидди мақомот баромад мекунанд.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Қирғизистон хабари бедаракшавии фаъоли маданиро шарҳ намедиҳанд.

Дар Қирғизистон 15 март Тилекмат Кудайбергенов, фаъоли маданиро низ боздошт карданд, ки зидди истихроҷи кони тилои Жетим-Тоо ва Конститутсияи нав баромад мекард. Тилекмат Кудайбергенов дар "даъват ба ғасби ҳукумат аз роҳи хушунат" айбдор мекунанд.

XS
SM
MD
LG