Ссылки доступа

Ҷейми Флай боздошти ҳамкори Радиои Озодӣ дар Қримро маҳкум кард


Владислав Есипенко, 16 февраля 2021
Владислав Есипенко, 16 февраля 2021

Президенти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ Ҷейми Флай боздошти ҳамкори радио Владислав Есипенкоро дар нимҷазираи ишғолии Қрим маҳкум кард.

"Кремл ҳама гуна садои алтернативиро дар нимҷазираи ишғолиаш - Қрим таъқиб карда, метарсонад. Боздошти ҳамкори мо як бонги хатар аст. Ӯро бояд фавран озод кунанд, то ба хонаводааш бипайвандад", - омадааст дар изҳороти Ҷейми Флай.

Есипенко бо бахши украинии Радиои Озодӣ ҳамкорӣ ва дар тарҳи радио бо номи "Қрим. Воқеият" кор мекард. Ӯ шаҳрвандии Русия ва Украинаро дорад. Рӯзи 16 март дар Шуъбаи робита бо ҷомеаи Хадамоти федеролии амнияти Русия ё ФСБ гуфтанд, ки Есипенко 10 март барои ҷамъоварии иттилоъ ба "нафъи хадамоти махсуси Украина" дастгир шудааст.

Масъулони Хадамоти иктишофи берунии Украина дар вокуниш ба иттиҳоми ҳамтоёни русашон ба хабарнигори "Қрим. Воқеият" гуфтанд, "ҳангомаҳои хадамоти махсуси Русияро шарҳ намедиҳанд".

"Ин иқдоми таблиғотӣ дар арафаи солгарди ишғоли Қрим барои ҷалби таваҷҷуҳи сокинон аз мушкилиҳои зиёди дохилии нимҷазира ба дигар самт баҳонаи хубест", - гуфтанд дар хадамот.

Ҳомиёни ҳуқуқи Украина бо нашри як изҳороти муштарак аз мақомоти Русия талаб кардаанд, ки Есипенкоро озод кунанд. Ҳамчунин аз Украина ва ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват шудааст, ки ба Русия фишор оранд, то рӯзноманигорро раҳо кунад.

XS
SM
MD
LG