Ссылки доступа

Дар Узбекистон гузинаи нави алифбои узбекиро баррасӣ доранд


Дар Узбекистон тарҳи гузинаи нави алифбои узбекӣ дар асоси ҳарфҳои лотинӣ мавриди баррасӣ қарор дорад.

Тибқи лоиҳаи қонун, ки аз сӯи Академияи илмҳои Узбекистон таҳия ва 16 март дар сомонаи regulation.gov.uz нашр шуд, алифбои нави узбекӣ аз 28 ҳарф иборат хоҳад буд.

Муаллифони тарҳ пешниҳод кардаанд, ки ҳарфи Ғ ғ дар шакли Ḡ ḡ, Ӯ ӯ дар шакли Ō ō, Ш ш дар шакли Ş ş ва Ч ч дар шакли Ç ç истифода шавад. Гузинаи нави алифбои узбекӣ ба алифбоҳои лотиниасосе наздик аст, ки дар кишварҳои дигари туркзабон истифода мешаванд.

Баррасии тарҳ то 31 марти соли равон идома хоҳад ёфт.

Ҳукумати Узбекистон моҳи гузашта эълом кард, ки аз 1 январи соли 2023 тадриҷан ба алифбои узбекии лотиниасос мегузаранд.

XS
SM
MD
LG