Ссылки доступа

Дар Қазоқистон анҷумани мухолифон баргузор шуд (видео)


В Нур-Султане прошел съезд казахстанской оппозиции. Как это было
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:02:36 0:00

В Нур-Султане прошел съезд казахстанской оппозиции. Как это было

Даҳҳо фаъол ва сиёсатмадори мухолифи Қазоқистон 17 март дар шаҳри Нурсултон "шӯрои ҳамоҳангсози нерӯҳои мухолиф" ё худ "анҷумани мухолифони қазоқ"-ро баргузор карданд.

Сарфи назар аз шомил будани пойтахти Қазоқистон ба "минтақаи сурх" ба иллати афзоиши шумори мубталоёни нави коронавирус дар чорабинии мазкур теъдоди зиёди одамон иштирок карданд ва мақомот низ монеъ нашуданд.

Ташаббускорони шӯро гуфтанд, ҳоло замоне расидааст, ки мухолифони қазоқ бояд гирди ҳам оянд, зеро ояндаи Қазоқистон дар хатар аст.

Анҷуман бо ташаббуси Нурҷон Алтаев, раиси ҳизби сабтиномнашудаи "Ел Тиреги" баргузор шуд, ки соли гузашта аз сафи ҳизби ҳокими "Нур Отан"-и Қазоқистон хориҷ ва аз мандати вакилии порлумон маҳрум гашт. Ӯ гуфт, тамоми раҳбарони мухолифонро ба гуфтугӯ даъват кардааст.

"Рақамҳои Мухтор Аблязов (мухолифи сарсахти Нурсултон Назарбоев, ки дар хориҷ ба сар мебарад) надорем ва бинобар ин, бо ӯ тамос нагирифтем. Вале дарҳои шӯро барои онҳое, ки аз ояндаи Қазоқистон нигаронанд, боз аст", - афзуд Алтаев.

Баъди оғози анҷуман баҳсҳо низ шуруъ шуда, иштирокдорон натавонистанд, ба хулосае оянд, ки ҳадафи ин мулоқот чи аст ва мухолифон бояд барои чи гирди ҳам оянд.

Вале онҳо гуфтанд, ки баргузории вохӯриро идома дода, дар оянда масоили марбут ба замин, вазъи қазоқтаборони Шинҷони Чин, озодии маҳбусони сиёсӣ, мушкили модарони серфарзандро баррасӣ хоҳанд кард. Худи Алтаев гуфт, мехоҳад ҳамаро ҷамъ ва тазоҳуротеро баргузор кунад.

XS
SM
MD
LG