"Ҳукумати Русия бо истифодаи маводи фалаҷкунандаи асаб зидди дигарандешонаш ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷ уҳдадориҳои худро дар доираи Конвенсияи манъи истифодаи силоҳи кимиёӣ поймол карда, ҷони шаҳрвандони худу кишварҳои дигарро дар хатар мегузорад", - омадааст дар изҳороти Вазорати савдои ИМА.
Таҳримҳои нав аз 18 март ба иҷро даромада, содироти молҳоеро ба Русия манъ мекунанд, ки ба амнияти миллӣ рабт доранд.
ИМА ибтидои моҳи март ба хотири заҳролудшавии Навалний зидди 14 ширкат аз Русия, 3 ширкат аз Олмон ва 1 ширкат аз Швейтсария таҳрим эълом карда буд. Ба рӯйхати таҳримшудаҳо, аз ҷумла маркази 27-уми илмии Вазорати дифои Русия, ширкатҳои "Химмед", "Фемтеко", "Интерлаб", "Лабинвест", "Аналит продактс", "Интертех инструментс", "Рау фарм", "Регионснаб" ва "Фармконтракт" шомил шуданд.