Ссылки доступа

Раҳбарони кишварҳои туркзабон дар Қазоқистон ҷамъ мешаванд


Дар шаҳри Туркистони Қазоқистон 31 марти соли равон саммити ғайрирасмии Шӯрои ҳамкории кишварҳои туркзабон баргузор хоҳад шуд.

Мулоқоти мазкур бо ташаббуси президенти нахустини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев барпо мешавад.

Шӯрои турконро моҳи октябри соли 2009 Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркия таъсис доданд. Соли 2018 дар саммити шӯро дар Қирғизистон Венгрия ҳамчун кишвари нозир ба ҳайати он пайваст.

Президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дар саммити 15 октябр раҳбари фахрӣ ва якумрии Шӯрои туркон эълом шуд.

Дар ин бора хабаргузории "Қазинформ" иттилоъ дода, афзуда, ки дар саммит қарор аст, раҳбарони ҳамаи кишварҳои узв, бо шумули Узбекистон ишт иро кунанд.

XS
SM
MD
LG