Ссылки доступа

Шумори "маҳбусони сиёсӣ"-и Қазоқистон 5 нафар зиёд шуд


Ҳомиёни ҳуқуқи Қазоқистон 17 март рӯйхати нави "маҳбусони сиёсӣ" дар он кишварро нашр карданд, ки ба он номи 5 нафари дигар шомил шудааст.

Ин панҷ нафар -- Мақсуд Аппасов, Медет Есенеев, Абзал Каналиев, Мерей Корбаков, Айдар Сиздиков -- фаъолоне ҳастанд, ки аз соли гузашта ба ин тараф боздошт ва зиндонӣ шудаанд.

Мақомоти Қазоқистон бештари онҳоро ба узвият дар созмони мамнуи "Көше партиясӣ" айбдор мекунанд. Вале фаъолон мегӯянд, онҳо танҳо ба хотири фаъолиятҳои маданияшон таҳти таъқиб қарор доранд.

Додгоҳи ноҳияи Есили пойтахти Қазоқистон ҳаракати "Көше партиясӣ"-ро моҳи майи соли гузашта бо дархости Додситонии кулли ин кишвар созмони "террористӣ" эълом ва фаъолияташро манъ кард.

​Ҳомиёни ҳуқуқи Қазоқистон моҳи ноябри соли 2020 низ рӯйхати маҳбусони сиёсӣ дар он кишварро бо шомил кардани номи 8 нафар нав карда буданд. Ин ҳашт нафар фаъолҳои мадание буданд, ки барои нашри сурудҳои мазҳабӣ ба муддати тӯлонӣ равонаи зиндон шудаанд.

Мақомоти Қазоқистон фаъолонро дар ҳоле барои даст доштан дар фаъолияти "Көше партиясӣ" зиндонӣ мекунанд, ки порлумони Аврупо онро як "созмони осоиштаи мухолиф" эътироф кардааст.

XS
SM
MD
LG