Ссылки доступа

Камбуди бензин дар Тоҷикистон. Мушкил аз Қазоқистон аст ё аз Русияву Қирғизистон? (видео)


Мушкили камбуди бензин дар Тоҷикистон амиқтар мешавад. Дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ мегӯянд, ки ё дигар бензин надоранд ва ё камчин асту бо нархи гарон медиҳанд. Ширкатҳои воридкунанда ҳеч шарҳ надоданд. Мақомот гуфтанд, ки ба омӯзиши вазъ машғуланд.

Кормандони фурӯшгоҳи "Икс Ойл" дар Душанбе охирин литри бензинро фурӯхта, рӯзи 17-уми март нархномаҳои худро барчиданд. Дар огоҳии нуқтаҳои дигари фурӯши сӯзишворӣ ҳам ҷойи нархи бензин холӣ аст.

Хабарнигорони Радиои Озодӣ рӯзи 17-уми март қариб даҳ нуқтаи фурӯши сӯзишвориро гаштанд, вале дар ҳеч кадоми онҳо бензин наёфтанд. Ҳоло дар Душанбе танҳо дар нуқтаҳои ширкати “Газпромнефт Тоҷикистон” ба ронандагон бензин пешниҳод мекунанд. Он ҳам бо нархи гаронтар аз рӯзҳои қаблӣ ва тақрибан 9 сомонӣ.

Ин ширкат, ки аз воридкунандагони асосии сӯзишворӣ ба Тоҷикистон аст, то ҳол сабаби боло рафтани нархи бензинро шарҳ надодааст. Радиои Озодӣ ба ин ширкат мактуби расмӣ фиристода ва мунтазири посух аст. Танҳо як масъули маркази тамоси ширкат гуфт, эҳтимол рӯзи 20-уми март ба Тоҷикистон бензин ворид кунанд.

Нархи сӯзишворӣ аз оғози моҳи март дар Тоҷикистон якбора боло рафт ва ҳамакнун як ҳафта аст, ки кишвар ба камбуди бензин дучор шудааст.

Дар дафтари матбуоти Хадамоти зиддиинҳисорӣ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, кормандони ширкат ба омӯзиши вазъ шуруъ кардаанд. Рӯзи 17-уми март хабарнигорони Радиои Озодӣ кормандони Хадамоти зиддиинҳисориро дар дафтари марказии ширкати “Газпромнефт Тоҷикистон” вохӯрданд. Онҳо гуфтанд, барои дақиқ кардани сабабҳои гаронӣ ва камчинии сӯзишворӣ омадаанд.

Раҷабалӣ Маҳсиддинзода, масъули Хадамоти зиддиинҳисорӣ, ду ҳафта қабл ба Радиои Озодӣ гуфта буд, сабаби асосии болорави нархи сӯзишворӣ қатъ шудани интиқоли бензин аз Қазоқистон ва болоравии нархи нафт дар бозори ҷаҳонӣ аст, вале иддае ба ин назари мақомот шубҳа доранд.

Сабаби болоравии нархи сӯзишворӣ аз ҳоло ба зиндагии мардум таъсир гузоштааст. Мусофирон мегӯянд, дар пайи гароншавии нархи сӯзишворӣ, роҳкиро аз Душанбе ба минтақаҳои Тоҷикистон гаронтар шуд.

Ҷамшед Комилов, сокини Душанбе, мегӯяд, ҳафтае пеш нархи роҳкиро аз пойтахт то Кӯлоб 40 сомонӣ буд, акнун ронандагон 50 сомонӣ мепурсанд. Ронандагон барои боло бурдани нарх далели худро доранд.

Суҳбатуллои Суннатуло ронандаи таксӣ аст ва мусофиронро аз Душанбе ба ноҳияи Рашт мебарад. Ӯ мегӯяд, афзоиши нархи роҳкиро аз ночорӣ аст: "3-4 рӯз шуд, ки бензин нагирифтаам. Ҳамон бензини будагиро барои фаъол кардани мошин истифода мебарем. Мошин, ки ба кор даромад, ба газ мегузарем. Ҳозир то Рашт роҳкиро 50 сомонӣ аст, маҷбурем, 60-70 сомонӣ гирем. Нархро баланд кунем, мусофирон шикоят мекунанд. Намедонем чӣ кор кунем?"

Дар ҳоле ки мақомот болоравӣ ва камчин шудани бензинро дар қатъи воридоти сӯзишворӣ аз Қазоқистон ва гарон шудани нархи нафт мегӯянд, як соҳибкори маводи сӯхт ба Радиои Озодӣ сабаби дигарро пеш овард.

Ин соҳибкори тоҷик, ки дар Хуҷанд молики чанд нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ аст, гуфт: "Сабаби асосии камчин шудани бензин маҳкам шудани сарчашмаи он аз Қирғизистон аст. Қирғизистон бензинро аз Русия мегирад ва нархаш назар ба бензине, ки Тоҷикистон меорад, арзонтар аст. То моҳи феврал бо ҳар роҳе аз Қирғизистон ба Тоҷикистон бензин меоварданд ва барои ҳамин нарх арзонтар буд. Ҳозир назоратро дар марз сахт карда, қад-қади роҳ сарбозони худро овардаанд. Дигар ягон роҳе барои овардани бензин аз Қирғизистон намонд."

Тасдиқи дурустии иддаои ин соҳибкори тоҷик феълан ғайримумкин аст. Аммо дар рӯзи 3-юми март Улукбек Марипов, нахуствазири Қирғизистон, бо имзои санаде содироти маҳсулоти нафтиро аз ин кишвар манъ карда буд.

XS
SM
MD
LG