Ссылки доступа

Бештари гумонбарони бетартибиҳои Сатпаеви Қазоқистон гуноҳро ба гардан гирифтанд


Бештари гумонбарони бетартибии оммавие, ки шаби 24 июли соли 2020 баъди рабудан ва таҷовуз шудани як кӯдаки панҷсола дар шаҳри Сатпаеви Қазоқистон сар зада буд, гуноҳро ба гардан гирифтанд.

Айбдоршавандаҳо гуфтанд, аз кардаи худ пушаймон ҳастанд ва омодаанд, бо айбдоркунандаи давлатӣ созишнома дар бораи эътирофи гуноҳро имзо кунанд. Эътирофи гуноҳ ва изҳори пушаймонӣ ҳукмро сабуктар хоҳад кард.

Бархе аз гумонбарони дигар худро қисман гунаҳкор номиданд. Онҳо гуфтанд, дар оташзанӣ, тахрибкорӣ ва расонидани зарари ҷисмонӣ ба кормандони пулис даст надоранд.

Мурофиаи додгоҳии ин афрод дар боздоштгоҳи мақомоти тафтишотии Қазоқистон баргузор шуда, рӯзноманигоронро ба далели маҳдудиятҳои марбут ба коронавирус ба онҷо роҳ намедиҳанд.

Шаби 24 июли имсол беш аз 100 сокини шаҳри Сатпаев баъди шунидани хабари рабудан ва таҷовуз шудани кӯдаки панҷсола ба кӯча баромада, даст ба бетартибӣ заданд. Яке аз ҷамъшудаҳо шишаи хонаи марди гумонбарро шикаст ва дигарон аз пулис талаб карданд, ки вайро ба ихтиёри онҳо супоранд.

Ҷасади сокини 62-солаи шаҳри Сатпаеви Қазоқистонро, ки бо гумони рабудан ва таҷовуз кардани кӯдаки панҷсола боздошт шуда буд, рӯзи 6 октябр дар боздоштгоҳи муваққатӣ пайдо карданд. Мақомот гуфтанд, ӯ худкушӣ кардааст.

Дар курсии айбдорӣ 54 нафар, аз ҷумла се ноболиғ нишастааст. 44 гумонбар дар ҳабси пешакӣ буда, боқӣ дар ҳабси хонагиянд ё ба шарти берун нарафтан аз маҳалли зист озод карда шудаанд.

Ҷамъан дар бетартибиҳои мазкур 56 нафарро айбдор мекунанд. Ду каси онҳо таҳти пайгарди қонунӣ қарор доранд.

XS
SM
MD
LG