Ссылки доступа

Додгоҳи Узбекистон ҳукми гумонбарони ҳаводиси Сӯхро эълом кард


Додгоҳи вилояти Фарғонаи Узбекистон ҳукми 22 нафареро, ки дар бетартибиҳои оммавии ноҳияи Сӯхи он кишвар дар моҳи майи соли гузашта айбдор мешуданд, эълом кард.

Ду гумонбари парванда (М. Ахмедов ва Н. Жураев) ба 5-солӣ зиндони низомаш сахт маҳкум ва озодии 18 айбдоршавандаи дигар ба муҳлати аз 4 то 5-солӣ маҳдуд карда шудааст. Ду гумонбари ноболиғ дусолӣ шартан аз озодӣ маҳрум гаштаанд.

Қаблан айбдоркунандаи давлатӣ аз додрас хоста буд, 9 гумонбарро беш аз даҳсолӣ ва 13 айбдоршавандаи дигарро 6,5-солӣ аз озодӣ маҳрум кунад. Вакили дифоъ ва гумонбарон айби эъломшударо рад карданд. Бештари гумонбарон ҳам ҳангоми ироаи сухани охирин худро бегуноҳ номида, шикоят кардаанд, ки шиканҷа ва латукӯб шудаанд.

Гумонбарон гуфтанд, вақте шаҳрвандони Қирғизистон ба Узбекистон ворид шуданд, онҳо муқобилият нишон дода, пеши роҳашонро гирифтанд. "Қирғизҳо ба самти мо санг ҳаво дода, хонаҳоямонро оташ заданд. Мо танҳо муқобилият кардем", - иқтибос меорад ҳамсуҳбати мо аз суханони гумонбарон.

Рӯзи 31 майи соли ҷорӣ байни сокинони ду деҳаи наздимарзии Узбекистону Қирғизистон ҷанҷол сар зад. Дар ин ҷанҷол аз ду ҷониб бештар аз ҳазор сокин ширкат варзида, ба самти якдигар санг ҳаво доданд. Чанд хона низ аз ҳар ду ҷониб сӯхт.

Дар натиҷаи низои мазкур аз ҷониби Узбекистон 187 нафар дар беморхона бистарӣ шуд. Ба иттилои Вазорати тандурустии Қирғизистон, дар низои мазкур 25 шаҳрванди он кишвар захмӣ шудааст.

Сокинон ба самти Шуҳрат Ғаниев, раиси пешини вилояти Фарғона ва собиқ раиси ноҳияи Сӯх, ки барои ором кардани низоъ ба маҳалли ҳодиса ҳозир шуданд, ҳамла карда, санг ҳаво доданд.

XS
SM
MD
LG