Ссылки доступа

Дар Қирғизистон мубталошавии дастаҷамъии сарбозон ба бемории силро таҳқиқ мекунанд


Шумори мубталоён ба бемории сил дар миёни сарбозони қисми низомии Ситоди кулли Қирғизистон дар шаҳри Бишкек ба 15 расидааст. Дар ин бора сардухтури бемористони касалиҳои сили пойтахти Қирғизистон Тамара Баялиева хабар дод.

"14 сарбози қисми низомии №97632-и Ситоди кул ва 1 сарбози қисми низомии № 7412 ба бемории сил мубтало шудаанд. Вазъи ҳамаи онҳо хуб аст ва дар ҳоли ҳозир табобат мегиранд. Эҳтимол аст, шумори беморон афзоиш ёбад", - изҳор дошт Баялиева.

Дар Ситоди кулли Қирғизистон хабари мубталошавии сарбозон ба бемории силро тасдиқ карданд ва гуфтанд, ки Додситонии ҳарбии он кишвар тафтиши қазияро оғоз кардааст.

XS
SM
MD
LG