Ссылки доступа

Мирзиёев ба суол дар бораи истироҳатгоҳи Шоввозсой посух гуфт


Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев дар ҷараёни сафараш ба вилояти Тошканд ба суоли рӯзноманигорон дар бораи маркази фароғатии Шоввозсой, ки баъди як таҳқиқоти бахши узбекии Радиои Озодӣ баҳсбарангез шуд, посух дод.

Тавре расонаҳои маҳаллӣ хабар доданд, дар бораи маркази фароғатии Шоввозсой рӯзноманигор Азиза Қурбонова суол додааст.

Мирзиёев дар посух гуфтааст, "ин корхонаи давлатии роҳи оҳан аст. Дар онҷо ягон кас зиндагӣ намекунад ва он ба касе ҳам тааллуқ надорад. Он як макони давлатӣ аст. Президент ба он чӣ рабт дорад? Агар президент ба онҷо равад, ҳамроҳ бо шахси баландпояе хоҳад рафт, ки ҳамкорӣ бо ӯ ба Узбекистон манфиат меоварад. Баъдан, президент дар давоми панҷ сол чанд бор истироҳат кардааст: Чаро дар ин бора намепурсед?".

​Бахши узбекии Радиои Озодӣ 23 феврали соли равон таҳқиқотеро бо номи "Бӯстонсарои махфии кӯҳистонии Шавкат Мирзиёев" нашр кард, ки дар бораи бӯстонсарои бошукуҳе дар минтақаи ҳифозатшудаи захирагоҳи Угом-Чоткол, дар 100-километрии Тошканд қисса мекунад. Роҳи он барои рафтуомади мардум баста шуда, нерӯҳои амниятӣ чанд километр дуртар аз маҳал бо ҳалқае амниятӣ гирди онро печондаанд.

Ширкати роҳи оҳани Узбекистон 24 феврал бо нашри изҳороте гуфта, дарае Шоввозсой, ки гуфта мешавад, "бӯстонсарои Мирзиёев" онҷо бунёд шудааст, соли 2010 барои "ҳифзи экосистемаи мавҷуд ба ин ширкат дода шудааст.

Вале дар изҳорот ба як қатор суолҳо посух дода нашудааст. Аз ҷумла гуфта нашудааст, ки чаро вуруд ба ин минтақаи истироҳатӣ манъ аст.

Ҳамчунин дар рафти таҳқиқоти бахши узбекии Радиои Озодӣ маълум шуд, ки дар наздикии осоишгоҳ обанбори наве сохта шудааст. Ба гуфтаи сокинони маҳаллӣ, бунёди ин обанбор низоми обёриро ба ҳам зада, бархе аз онҳо маҷбур шудаанд, ба ҷои дигар кӯчанд.

XS
SM
MD
LG