Ссылки доступа

Тоҷикистон аз истифодаи ваксинаи AstraZeneca даст намекашад (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Тоҷикистон аз истифодаи ваксинаи AstraZeneca даст намекашад. Мақомоти тандурустӣ имрӯз зимни як нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе гуфтанд, аз истифодаи ваксинаи AstraZeneca даст кашидани нестанд.Тафсилот дар гузориши Амриддин Олимов ва Муллораҷаб Юсуфӣ аз шаҳри Душанбе. (видео)

- Музокироти таъйину аломатгузоории марзи Тоҷикистону Қирғизистон ба поён расид. (видео)

- Вокуниши шадиди Кремл ба суханони президенти ИМА дар бораи Путин. Имрӯз Русия ба изҳороти Ҷо Байден президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ки раисҷумҳури Русияро "як қотил" номида ба ӯ ваъда додааст, ки нархи дахолат ба интихоботи президентӣ дар Амрикоро "ба зудӣ пардохт хоҳад кард", вокуниш нишон дод. (видео)

- Дар Душанбе низоми пешпардохти хадамоти барқ ҷорӣ мешавад. Парлумони Тоҷикистон созишномаи грантӣ ва ё кумаки билоиваз бо Бонки Осиёи Рушдро дар ҳаҷми 105 миллион доллар барои рушди бахши энергетика тасвиб кард. (видео)

- Бозпурсии чаҳор "норозии як видео" дар Восеъ. Ҷанҷоли замин "сиёсӣ" мешавад? (видео)

- Душанбе ба таҷлили ботантанаи Наврӯз омода мешавад. Кишварҳои мухталифи олам, ба вижа мамолики Аврупо бо ишора ба сирояти навъҳои тағйирёфтаи коронавирус, гӯшанишиниро машварат медиҳанд, вале дар Тоҷикистон мардум бо нигаҳдошти чораҳои эҳтиётӣ ба таҷлили ботантанаи Наврӯз омода мешавад. (видео)

- Ваксинаи AstraZeneca-ро дар Тоҷикистон чӣ интизор аст? Сарфи назар аз машварати Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ як идда мамолики олам истифодаи ваксинаи AstraZeneca-ро, ки барои ҷилавгирӣ аз коронавирус таҳия шудааст, мутаваққиф карданд. То ҳол вокуниши Тоҷикистон маълум нест. Баъзе аз табибон мегӯянд, феълан аз гирифтани он худдорӣ мекунанд. (видео)

- Хандақ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ба нафъи кист? Аз бунёди хандақҳо дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон амнияти ду кишвар беҳтар шуд ё не маълум нест. Аммо тиҷорати наздимарзӣ миёни ду кишвар коҳиш ёфт. (видео)

- Мақомоти Русия муҳоҷиронеро ҷустуҷӯ доранд, ки бо роҳи фиреб ба ин кишвар рафтаанд.​ Дар вилояти Маскав мақомот аз боздошти як гуруҳи фаромиллӣ хабар медиҳанд, ки ба ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ машғул будаанд. Дафтари матбуоти Раёсати амнияти вилояти Маскав хабар дод, ки ин гурӯҳ бар ивази пул ҳуҷатҳои тақаллубӣ таҳия карда, муҳоҷиронро ғайриқонунӣ ба Русия овардааст. (видео)

- "Бомиён ҳамон аст, аммо ба ҷои Силсолу Шамома доғе дар дили кӯҳ монд". Дар бистумин солгарди вайрон кардани муҷассамаҳои Буддо дар Бомиён, вазири иттилоот ва фарҳанги Афғонистон хост, то масъулони тахриби ин осори бостонӣ дар Додгоҳи байналмилалӣ муҳокима шаванд. Пайкараҳои Буддоро дар замони ҳокимияти Толибон вайрон карданд. (видео)

- Дар Қазоқистон бар асари суқути ҳавопаймои низомӣ 4 кас ба ҳалокат расид. Дар Қазоқистон бар асари суқути ҳавопаймои низомӣ 4 кас ба ҳалокат расид. Ҳодиса дар фурудгоҳи шаҳри Алмаато ба вуқӯъ пайваста, дар он 2 нафари дигар захм бардоштаанд. (видео)

- Маводи сӯхт ҳам гарон шудааст ва ҳам камчин. Субҳи рӯзи ҷумъа бисёре аз ронандагон дар шаҳри Душанбе натавонистанд, ба қадри кофӣ бензин харанд. Дар аксар нуқтаҳои фурӯши ин навъи сӯзишворӣ тамом шудааст ва камчнии он ба назар мерасад. (видео)

- Рӯзи матбуоти тоҷик дар чӣ шароите ҷашн гирифта мешавад? Имрӯз 11-уми март дар Тоҷикистон рӯзи матбуот таҷлил шуд. Хабарнигорони тоҷик, дар ҳоле рӯзи касбии худро ҷашн мегиранд, ки ба гуфтаи созмонҳои байналмилалӣ озодии баён дар кишвар маҳдуд шуда, латкӯбу таҳдиди журналистон дар Тоҷикистон солҳои охир афзоиш ёфтааст. (видео)

- Як муҳоҷири тоҷикро барои убури марз ва дигареро бо талаби Қирғизистон боздошт намудаанд. Додгоҳи шаҳри Исилкули вилояти Омски Русия ба баррасии парвандаи як шаҳрванди Тоҷикистонро шурӯъ кардаст, ки ҳамроҳ бо як нафар қазоқ тавассути қатори боркашон ба қаламрави Русия ворид шудаанд. Тафтишот дуи онҳоро ба убури ғайриқонунии сарҳад дар таърихи 22-уми декабр айбдор мекунад. (видео)

- Роҳгузаре, ки аз афтодани оҳанпора аз як сохтмон дар Душанбе захм бардошт, ҷубронпулӣ талаб дорад. (видео)

- Рӯзгори сахти як зани танҳо дар шаҳри Кӯлоб. Хонаи оҳание бо навиштаи “Сартарашхона” дар шаҳри Кӯлоб манзили як зани танҳо аст, аммо ба ҷуз аз маҳкам будани гирду атрофаш на барқ дорад, на оби ошомиданӣ. Танҳо барои шабро рӯз кардан ва аз боду газанд наҷот ёфтани Зӯҳро Бобоёрова аст. (видео)

- Нороҳатии мусофирони эҳтимолӣ аз нархи билети Душанбе-Алмаато. Ҳафтаи равон парвозҳои мунтазам миёни Тоҷикистону Қазқоистон, ки як сол инҷониб баста буданд барқарор мешавад. Хабарнигорони Радиои Озодӣ имрӯз дар назди фурӯшгоҳҳои билети ҳавопаймо буданд ва мушоҳида карданд, ки аксарияти билетҳо аллакай фурӯхта шудаанд ва нархи парвоз ҳам фавқуллода гарон аст. (видео)

- Коргарони тоҷики ширкати чинӣ мегӯянд, ҳуқуқи онҳо эҳтиром намешавад. Даҳҳо коргарони тоҷик, ки дар сохтмони бинои нави ҳукумати Тоҷикистон дар маркази пойтахт фаъолият доранд мегӯянд, корфармои чинӣ масъулони ширкати “Чиангду” аз бисёр будани корҷӯёни маҳаллӣ сӯистифода карда, ҳуқуқи меҳнатии онҳоро поймол мекунад. (видео)

- Тағйирот дар кору зиндагии Сумбула, қаҳрамони филми "Бибиҷон". Хабарнигорони Радиои Озодӣ дар рӯзи 8-уми март ба дидани қаҳрамони достони видеоии “Бибиҷон” рафтанд. Сумбула Ятимова, ки як сол пеш аз кори машаққатбори роҳрӯбӣ қисса мекард, ҳоло шод аст, ки таваҷҷуҳ ба кору заҳмати онҳо ҳам аз сӯйи корфармо ва ҳам аз тарафи мардум бештар шудааст. (видео)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД.

XS
SM
MD
LG