Ссылки доступа

Афроди ношинос аз "бомбгузорӣ" шудани 12 мактаб дар Алмато хабар доданд


Афроди ношинос хабар додаанд, ки дар 12 мактаби шаҳри Алматои Қазоқистон маводи тарканда ҷой карда шудааст. Дар ин бора Раёсати пулиси шаҳр хабар дод.

Дар иттолияи пулиси Алмато, ки субҳи 19 март нашр шуд, омадааст, "дар ҳоли ҳозир минаҷӯён биноҳои мактабҳоро тафтиш доранд. Дар хабар гуфта нашудааст, ки чи қадар одамро ба ҷои амн интиқол додаанд.

Хабари "бомгузорӣ" шудани бинои мактабҳо ба почтаи электронии муассисаҳои таълимӣ ирсол шудааст. Муаллифони хабар гуфтаанд, агар ба ҳисоби онҳо пул гузаронида нашавад, мактабҳоро метарконанд.

Дар робита ба ин ҳодиса бо банди "Расонидани хабари дуруғ дар бораи амали террористӣ" парванда боз шудааст.

XS
SM
MD
LG