Ссылки доступа

Дилшодро ба Бозиҳои олимпии Токио роҳ намедиҳанд. Гурзандози тоҷик: "Ноҳаққӣ шуд"


Дильшод Назаров, Рио-де-Жанейро, август 2016 года
Дильшод Назаров, Рио-де-Жанейро, август 2016 года

Дилшод Назаров, гурзандози маъруфи тоҷик ва қаҳрамони Олимпиадаи соли 2016, наметавонад, барои ҳифзи унвони қаҳрамонияш дар Бозиҳои имсолаи олимпӣ дар Токио иштирок кунад.

The Athletics Integrity Unit, ниҳоди мустақили мубориза бо падидаҳои манфӣ дар варзиши сабук, рӯзи 15-уми март ӯро бо гуноҳи истифода аз допинг ду сол аз ҳаққи иштирок дар мусобиқаҳо маҳрум кард. Ин давра аз 24-уми сентябри соли 2019 ҳисоб карда мешавад.

Дилшод Назарови 38-сола қаблан иттиҳоми истеъмоли допингро таҳқиромез номида, гуфта буд, "тамоми талошро ба харҷ хоҳад дод, то ҳамаи гумонҳо рафъ шавад", вале шоми 18-уми март дар изҳороти тоза гуфт, нисбат ба ӯ ноҳаққӣ карданд.

"Тавре медонед, дар якуним соли охир барои барқарор кардани номи нек мубориза бурдам, мутаассифона, тамоми талошҳои рӯҳӣ, ҷисмӣ ва молии ман беҳуда буд", -- иброз доштааст ӯ.

Созмони The Athletics Integrity Unit мегӯяд, тафтиши дигарбораи допинг дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар соли 2011 дар Куриёи Ҷанубӣ "дар намунаи Дилшод Назаров маводи мамнӯи DHCMT-ро ошкор кард". Вай дар ин мусобиқот ҷойи даҳумро гирифта буд.

Ҳоло натиҷаҳои бадастовардаи Дилшод Назаров аз моҳи августи 2011 то августи 2013 бекор карда шуда, ӯ ба Бозиҳои Токио, ки бояд 23-юми июли имсол шуруъ шаванд, иҷозат дода намешавад.

Дилшод Назаров дар Олимпиадаи соли 2016 дар Рио-де-Жанейро унвони қаҳрамонӣ гирифт ва ба Тоҷикистон медали олимпӣ овард. Пирӯзии ӯро дар дохилу хориҷ ситоиш карданд, аммо иттиҳоми истифода аз допинг, ҳамон тавр ки худаш мегӯяд, ӯву мухлисонро дар ғафлат гузошт.

Вай шоми 18-уми март гуфт: "Дарк кардам, ки ҳузури ман дар Олимпиадаи Токио барояшон мувофиқ нест. Бино бар ин, то 24-уми сентябри соли 2021 аз ҳаққи иштирок дар бозиҳо маҳрум карданд. Онҳо ин ҳақро аз ман гирифтанд, аммо ман мисли пешина қаҳрамони Бозиҳои олмипии соли 2016 дар Рио ҳастам ва медали тилло дар хазинаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфуз аст."

Дар гузашта хабари истеъмоли маводи мамнуъ аз ҷониби се варзишгари Тоҷикистон – Хуршед Бекназаров, узви мунтахаби ҷавонони футболи кишвар, Зелимхон Юсупов, узви мунтахаби гуштии озод ва Умед Ҳасанбеков, узви мунтахаби самбои ҷумҳурӣ, расонаӣ шуда буд.

XS
SM
MD
LG