Ссылки доступа

Узбекистону Қирғизистон нерӯгоҳи "Қамбарота-1"-ро бо ҳам месозанд


Узбекистон ва Қирғизистон тасмим гирифтаанд, ки тарҳи нерӯгоҳи барқии обии "Қамбарота-1"-ро дар рӯдхонаи Норин бо ҳам иҷро кунанд.

Ин созиш дар ҷараёни сафари давлатии президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов ба Узбекистон ҳосил шудааст.

"Корҳо аллакай оғоз шуданд. Худо хоста бошад, нерӯгоҳи "Қамбарота-1" дар давоми се сол бунёд хоҳад шуд. Тарҳ пурра иҷро мешавад. Мо 30 сол мешавад, ки ин иншоотро бунёд карда наметавонем. Вале ҳоло нақша дорем, ки дар давоми 3 сол бунёди нерӯгоҳро ба поён расонем", - изҳор дошт Ҷабборов дар суҳбат бо хабарнигорон.

Баъди анҷоми сафари давлатии Ҷабборов ба Қирғизистон як ҳайат аз Узбекистон бо раҳбарии вазири энержии он кишвар Алишер Султонов вориди шаҳри Бишкек шуд. Ҳайати мазкурро 13 март вазири энержӣ ва саноати Қирғизистон Кубаничбек Турдубаев ба ҳузур пазируфт.

Баъди ба сари қудрат омадани Шавкат Мирзиёев дар Ӯзбекистон дар соли 2017 Тошканд эълом кард, ки имкони иштирок дар бунёди нирӯгоҳи обии барқии "Қамбарота-1"-ро меомӯзад.

Иҷрои тарҳи бунёди "Қамбарота-1" дар рӯдхонаи Норин чанд сол аст, ки ба таъхир меафтад. Бунёди ин нирӯгоҳ бо иқтидори 1860 мегаватт ҳанӯз дар охирҳои соли 1980 дар назар буд. Вале то ҳол иҷро нашудааст.

Ҳукумати Қирғизистон барои бунёди нирӯгоҳи мазкур бори охир соли 2012 бо Русия созишнома ба имзо расонд. Вале санад соли 2016 бо ташаббуси ҷониби Қирғизистон бекор карда шуд.

XS
SM
MD
LG