Ссылки доступа

Дар Алмато эҳтимол аст, дубора карантини сартосарӣ ҷорӣ шавад (видео)


В Казахстане новый карантин: в Алматы отменены все праздники, закрывают торговые дома и рестораны
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:03:15 0:00

В Казахстане новый карантин: в Алматы отменены все праздники, закрывают торговые дома и рестораны

Шаҳрдории Алматои Қазоқистон мегӯяд, дар пайи рӯзафзун гаштани шумори нави мубталоёни коронавирус маҳдудиятҳоро дубора сахттар хоҳанд кард.

Баргузории ҳамагуна чорабиниҳои ҷашнӣ дар шаҳр манъ шуда, дари марказҳои савдо, ошхонаву тарабхонаҳо баста мешаванд. Аз сокинони минтақаҳои Қазоқистон низ даъват шудааст, ки ба Алмато ва шаҳри Нурсултон, пойтахти он кишвар нараванд.

Мақомоти беҳдоштии Алмато мегӯянд, агар шумори мубталоён афзоиш ёбад, ба монанди баҳори соли гузашта даромаду баромад ба шаҳр, гаштугузор дар дохилро дубора манъ ва карантини сартосарӣ эълом мекунанд. ​Сардухтури шаҳр Жандарбек Бекшин мегӯяд, "агар шумори рӯзонаи мубталоёни нав аз 500 гузарад, масъалаи эълони сартосарӣ дар Алматоро баррасӣ мекунем".

Дар ин шаҳри Қазоқистон давоми як ҳафтаи ахир рӯзона тақрибан 400 ҳолати нави мубталошавӣ ба коронавирус ошкор карда мешавад.

XS
SM
MD
LG