Ссылки доступа

Ширкати русӣ муҳоҷирони кориро фиреб ва қарздор кард (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Дар ҷашни Наврӯз ниқобу масофагирии иҷтимоӣ аз ёд баромад.​ Хабарнигорони Радиои Озодӣ мегӯянд, имсол дар Душанбе ҷашни Наврӯз бошукӯҳ аст, вале пӯшидани ниқоб ва дигар чораҳои эҳтиётӣ дар муқобили сирояти коронавирус иҷро намешаванд. (видео)

- Ширкати русӣ муҳоҷирони кориро фиреб ва қарздор кард. (видео)

- Чаро Русия роҳи донишҷӯёни тоҷикро боз намекунад? Мақомоти Русия эълон карданд, ки роҳи донишҷӯёни 25 кишвар ба ин кишвар боз шудааст. Дар пайи паҳншавии пандемияи коронавирус дар соли гузашта, Русия марзҳояшро ба рӯзи шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла донишҷӯён, баста буд. (видео)

- Вокуниши шадиди Кремл ба суханони президенти ИМА дар бораи Путин. Имрӯз Русия ба изҳороти Ҷо Байден президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ки раисҷумҳури Русияро "як қотил" номида ба ӯ ваъда додааст, ки нархи дахолат ба интихоботи президентӣ дар Амрикоро "ба зудӣ пардохт хоҳад кард", вокуниш нишон дод. (видео)

- Дар Душанбе низоми пешпардохти хадамоти барқ ҷорӣ мешавад. Парлумони Тоҷикистон созишномаи грантӣ ва ё кумаки билоиваз бо Бонки Осиёи Рушдро дар ҳаҷми 105 миллион доллар барои рушди бахши энергетика тасвиб кард. (видео)

- Бозпурсии чаҳор "норозии як видео" дар Восеъ. Ҷанҷоли замин "сиёсӣ" мешавад? (видео)

- Душанбе ба таҷлили ботантанаи Наврӯз омода мешавад. Кишварҳои мухталифи олам, ба вижа мамолики Аврупо бо ишора ба сирояти навъҳои тағйирёфтаи коронавирус, гӯшанишиниро машварат медиҳанд, вале дар Тоҷикистон мардум бо нигаҳдошти чораҳои эҳтиётӣ ба таҷлили ботантанаи Наврӯз омода мешавад. (видео)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД.

XS
SM
MD
LG