Ссылки доступа

Ваксиназанӣ дар Тоҷикистон оғоз ёфт. Вазир гуфт, ки "барои ҳифзи саломатӣ ҳатмӣ" аст.


Замминистра здравоохранения РТ Самариддин Алиев одним из первых вакцинировался от коронавируса
Замминистра здравоохранения РТ Самариддин Алиев одним из первых вакцинировался от коронавируса

Рӯзи 23-юми март дар Бемористони "Истиқлол"-и шаҳри Душанбе маросими расмии ваксиназанӣ дар Тоҷикистон оғоз шуд. Президенти Тоҷикистон як рӯз қабл қарор дар бораи оғози ваксиназаниро имзо карда буд.

Хабарнигори Радиои Озодӣ, ки дар ин маросим ҳузур дошт, мегӯяд, Осама Маккавӣ, раҳбари Намояндагии Сандуқи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон, аввалин касе буд, ки ваксинаи зидди КОВИД-19-ро гирифт.

Пас аз анҷоми ин маросим, ӯ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки бо ин иқдомаш хост нишон диҳад, ки ин навъи ваксина (AstraZeneca) зарар надорад. Ӯ аз ҷомеаи Тоҷикистон даъват ба амал овард, ки бе ягон дудилагӣ ин ваксинаро дарёфт кунанд.

Пас аз раҳбари дафтари ЮНИСЕФ, вазири тандурустӣ, ду муовини ӯ ва дигар масъулони бахши беҳдоштӣ кишвар низ ин ваксинаро дарёфт карданд.

Баъди ваксина гирифтан, Вазири тандурустӣ Ҷамолиддин Абдуллозода дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки гузаронидани иммунизатсия бар зидди бемории КОВИД-19 дар Тоҷикистон барои ҳифзи саломатӣ ҳатмӣ аст.

Оқои Абдуллозода аз сокинон даъват кард, ки дар марказҳои беҳдоштӣ ҳузур пайдо карда, ваксинаро дарёфт кунанд. Ба гуфтаи вазир, дар ҳама минтақаҳои кишвар барои ваксинагузаронӣ 3 ҳазор нуқта ташкил шудааст. Гирифтани ваксина дар Тоҷикистон ихтиёрӣ ва ройгон мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 22-юми март, қарореро ба имзо расонд, ки бар асоси он аз ҳамин рӯз ваксинзанӣ ба зидди бемории COVID-19 оғоз мешавад. Дар ин қарор омадааст, "аз 22 марти соли 2021 иммунизатсия бар зидди бемории сироятии COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон байни гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ марҳила ба марҳила гузаронида шавад."

Бар асоси ин қарор, ниҳодҳои гуногун вазифадор шудаанд, ки дар раванди ваксинзанӣ ба Вазорати тандурустӣ кумак кунанд ва вазорат баъд аз 15 рӯзи ҳар марҳила ба ҳукумат гузориш бидиҳад.

Тоҷикистон то кунун аз хориҷа 192 ҳазор воя ё доза ваксинаи AstraZeneca гирифтааст. Эмомалӣ Мирзоев, сухангӯи Вазорати тандурустӣ чанде пеш ба Радиои Озодӣ гуфт, пеш аз ҳама ин табақаи афрод ваксина ба зидди бемориро мегиранд:

Кормандони соҳаи тандурустӣ

Бахшҳои стратегии хоҷагии халқ

Сокинони аз 60-сола боло

Шахсони гирифтории бемориҳои музмини ғайрисироятӣ

Кормандони соҳаи маориф ва илм

Ҳукумати Тоҷикистон як моҳ пештар эълон кард, ки коронавируси нав дар кишвар аз байн рафтааст. Ин вирус то кунун, ба гуфтаи масъулони Вазорати тандурустӣ, 13308 нафарро ба бемории СОVID-19 гирифтор карда, 90 нафарро куштааст. Оморе, ки иддае ба дурустияш шубҳа доранд ва миқёси бемориву талафот аз онро бештар аз рақамҳои эълоншуда медонанд.

XS
SM
MD
LG