Ссылки доступа

Дар Қазоқистон 1111 ҳолати нави мубталошавӣ ба COVID ва "илтиҳоби шуш" сабт шудааст


Дар давоми як шабонарӯзи ахир дар Қазоқистон 1 101 ҳолати нави мубталошавӣ ба коронавирус ошкор шудааст. Вазорати тандурустии Қазоқистон як рӯз пеш дар бораи 1 208 ҳолати нави гирифторӣ ба COVID-19 хабар дода буд.

Масъулони вазорат рӯзи сешанбе гуфтанд, ки 21 март дар Қазоқистон 10 ҳолати нави гирифторӣ ба "илтиҳоби шуши монанд ба коронавирус" ва 12 фавт бар асари вируси мазкур сабт шудааст.

Тибқи омори расмӣ, шумори умумии мубталоёни коронавируси нав дар Қазоқистон то имрӯз ба 234 007 расидааст. Аз ин теъдод 2 934 кас ҷон додаанд. Танҳо 21 март 10 ҳолати фавт бар асари вирус сабт гаштааст.

Ба иттилои донишгоҳи амрикоии Ҷонс Хопкинс, аз оғози вабои коронавирус то ҳол дар саросари дунё 123,6 миллион ҳолати мубталошавӣ ба коронавирус ва ҳудуди 2,72 миллион фавт бар асари он ба қайд гирифта шудааст.

XS
SM
MD
LG