Ссылки доступа

"Коммерсант": Путин дар интихобот дар сархати рӯйхати "Русияи воҳид" нахоҳад буд


Нашрияи "Коммерсант" аз қавли се манбаи наздикаш ба маъмурияти президенти Русия навишта, ки ба эҳтимоли зиёд, президент Владимир Путин дар сархати рӯйхати ҳизби ҳокими "Русияи воҳид" дар интихоботи Думаи давлатӣ дар соли 2021 қарор нахоҳад гирифт.

Манбаи нашрия гуфтааст, дар сурати иштироки 45 дарсади раъйдиҳандагон "Русияи воҳид" аз ҳисоби рӯйхат 45 дарсади овозҳоро касб мекунад. "Вале агар Путин дар сархати рӯйхат бошад, пас бояд аз ин нишондод даст кашид. Зеро ҳизб бояд раъйи бештар ба даст орад", - шарҳ додааст ӯ.

Ҳамсуҳбати дигари "Коммерсант" шарҳ додааст, ки "иштироки президенти Русия дар интихобот амалан дастовардҳои Кремл дар интихоботи президентии соли 2018 (беш аз 76%-и раъйҳо ба ҷонибдорӣ аз Путин) ва раъйпурсии тағйири Конститутсия дар соли 2020 (наздики 78%-и раъйдиҳандагон тағйиротро ҷонибдорӣ карданд) бе эътибор хоҳад сохт. Кремл дар ин ду маърака талош кард, то аксарият аз президент ҷонибдорӣ кунанд. Вале барои "Русияи воҳид" ноил шудан ба он натиҷаҳо дар ин интихобот мушкил хоҳад буд. "Агар Путин дар сархати рӯйхат бошад натиҷаҳои ба даст овардаи ҳизб ҳамчун дастоварди шахсии ӯ арзёбӣ мешавад", - афзудааст манбаъ.

Бино ба охирин маълумоти Маркази умумирусиягии омӯзиши афкори ҷомеа, ҳудуди 29 дарсади раъйдиҳандагон омодаанд, ки аз "Русияи воҳид" ҷонибдорӣ кунанд. Тибқи назарпурсии "Левада сентр", ки ним сол пеш аз интихобот анҷом шудааст, танҳо 27 дарсади пурсидашудаҳо гуфтаанд, ки омодаанд, ба ҳизби ҳоким раъй диҳанд.

Чанд расонаи Русия моҳи феврал хабар доданд, ки Владимир Путин розӣ шудааст, дар интихоботи вакилони Думаи давлатии ин кишвар номаш дар сархати рӯйхати ҳизбӣ оварда шавад.

Интихоботи вакилони Думаи давлатии Русия қарор аст, 19 сентябри соли равон баргузор шавад.

XS
SM
MD
LG