Ссылки доступа

Додгоҳи Қирғизистон дархости хонаводаи Матраимовҳоро рад кард


Додгоҳи шаҳрии Бишкек дархости муовини пешини раиси Хадамоти гумруки Қирғизистон Райимбек Матраимов ва наздикони ӯро дар бораи манъи нашри маълумоти оварда шуда дар таҳқиқоти рӯзноманигорӣ рад кард.

Пештар низ, додгоҳи ноҳияи Свердлови пойтахти Қирғизистон дархости вакилони дифои Матраимовҳоро дар ин замина рад карда буд.

"Онҳо дархост карда буданд, маълумоти таҳқиқоти рӯзноманигорӣ, ки ба гуфтаашон, беасос аст, то поёни баррасии парванда расонаӣ карда нашавад. Вале додгоҳ ин дархостро рад кард", - гуфтанд дар додгоҳ.

Номи Райимбек Матраимов, ки бо лақаби "Раим миллион" низ маъруф аст, дар силсилаи таҳқиқоти рӯзноманигории бахши қирғизии Радиои Озодӣ, OCCRP ва Kloop зикр шудааст. Бино бар он, хонаводаи Матраимовҳо дар чанд соли охир зиёда аз 700 миллион долларро "ғайриқонунӣ" аз Қирғизистон ба хориҷ бурдаанд.

Баъди нашри таҳқиқот зидди Матраимов парвандаи ҷиноӣ боз шуд. Ӯ ва наздики 40 мансабдори Хадамоти гумруки Қирғизистон дар ташкили нақшаи коррупсионии даромади пинҳонӣ аз ҳисоби гумрук айбдор шуданд.

Додгоҳи ноҳияи Якуми майи Бишкек Раимбек Матраимовро дар фасодкорӣ айбдор эълом ва 260 ҳазор сом ($3 ҳазор) ҷарима ва қарори ҳабси дороиҳои ӯ, аз ҷумла хонаҳояш дар шаҳри Бишкеку Ӯш, вилояти Иссиқкӯлу ҳисобҳои бонкияшро бекор кард.

Вале ӯ 18 феврал аз сӯи мақомоти амниятӣ бо гумони пулшӯӣ дубора боздошт боздошт шуд.

XS
SM
MD
LG