Ссылки доступа

Ҳукумати Қазоқистон тағйири Кодекси заминро дубора шуруъ мекунад


Ҳукумати Қазоқистон 23 март рӯйхати аъзои комиссияи ташкилшуда оид ба ислоҳоти заминро нашр кард, ки ба ҳайати он мансабдорони ҳукуматӣ, вакилони порлумон, сиёсатмадорон, соҳибкорон ва муовинони раисони шаҳру вилоятҳои он кишвар шомил шудаанд.

Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев охирҳои моҳи январи имсол дар ҷаласаи васеи ҳукумат гуфта буд, ки барои баррасии мушикофонаи пешниҳодҳо ва қабули қарори ниҳоӣ дар масъалаи ислоҳоти замин бояд кори комиссия аз сар гирифта шавад. Ӯ ба ҳукумат дастур дод, ки то моҳи ноябри соли равон ба Кодекси замин тағйирот ворид шавад.

Муовини вазири кишоварзии Қазоқистон Рустам Курманов ҳафтаи гузашта хабар дод, ки комиссия 25 март дар ҷаласаи нахустини худ дар баробари масоили марбут ба замин сахттар кардани дарёфти шаҳрвандии Қазоқистонро ҳам баррасӣ хоҳад кард.

Муҳлати моратория ба бандҳои алоҳидаи Кодекси замини Қазоқистон, ки ба муҳлати тулонӣ ба иҷора додани заминро барои хориҷиён иҷозат медиҳад, 31 декабри имсол ба поён мерасад.

Президенти нахустини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ибтидои моҳи майи соли 2016 ба ислоҳоти Кодекси замин, ки сар аз 24 апрел ба эътирозҳои мардумӣ дар як қатор шаҳрҳои ин кишвар сабаб гардид, моратория эълон карда буд.

Бештари иштирокдорони таҷаммуъҳои эътирозӣ нигаронӣ намуда буданд, ки ин ислоҳот ба хориҷиён имконият медиҳад, то заминҳои корамро ба моликияти шахсиашон табдил диҳанд.

XS
SM
MD
LG