Ссылки доступа

Узбекистон аз 1 апрел дубора карантин эълом мекунад


Комиссияи махсуси ҷумҳуриявии Узбекистон дар пайи афзоиши шумори мубталоёни коронавирус тасмим гирифтааст, ки ба хотири пешгирӣ аз паҳн шудани вирус аз 1 апрели соли равон дар он кишвар як қатор маҳдудиятҳо ҷорӣ кунад.

Бар асоси ин қарор, сар аз 1 апрел дар Узбекистон назорати риояи чораҳои санитарӣ-эпидемиологӣ ҳангоми гузаронидани тӯю маъракаҳо сахттар ва ва шумори иштирокдорон то 100 кас кам карда мешавад.

Ҳамчунин ҳангоми ташкил кардани саҳнаҳои театрӣ, намоиши филм ва барномаҳои консертӣ пӯшидани ниқоб барои тамошобинону ҳайати хидматрасон ҳатмӣ хоҳад буд. Теъдоди тамошобинон низ набояд бештар аз 50 дарсади шумори умумӣ бошад.

Дар билетҳо низ барои огаҳ кардани тамошобинон навишта хоҳад шуд, ки "вақте ба тамошо биёед, ки худро солим меҳисобед".

Масъулияти риояи қодаҳои беҳдоштӣ бар зима созмондиҳандагон мебошад.

XS
SM
MD
LG