Ссылки доступа

Саид Ҳасанов мегӯяд, "қариб 15 кило ариза" навишт, вале ҳақ ба ҳақдор нарасид


Саид Ҳасанов, сокини шаҳри Душанбе, чаҳор сол боз дар ба дари мақомот мегардад, то ба гуфтаи худи ӯ, бегуноҳии фарзандашро исбот кунад. Мегӯяд, нусхаҳои аризаи навиштааш ба идораҳои гуногун ҷамъан "қариб 15 кило шудаанд".

Писари Ҳасановро соли 2017 бо иттиҳоми қатли ду зани рус дастгир ва ба 28 соли зиндон маҳкум карданд. Мақомот гуфтанд, гуноҳи Файзалӣ Ҳасанов дар куштори модару духтар исбот шудааст, вале падараш ба бегуноҳ будани ӯ пойфишорӣ дорад. Як далелаш ин аст, ки агар фарзанди ӯ модару духтарро куштааст, "пас, чӣ гуна аз табақаи чаҳоруми бино фирор кардааст, дар ҳоле ки дар аз дарун қуфл будааст."

Ин сокини Душанбе афзуд, бо ин вуҷуд, далелҳои ҷамъовардаашро ба эътибор нагирифтанд.

Рӯзи 24-уми март аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун рӯзи ҳуқуқ ба ҳақиқат эълон шудааст. Ин дар ҳолест, ки шахсоне ба монанди Саид Ҳасанов мегӯянд, умедашон ба ёфтани адолату ҳақиқат дар Тоҷикистон рӯз ба рӯз камтар мешавад.

"Чаҳор сол шуд, ки шабу рӯз медавам. Рӯзе нест, ки аз пушти ин писар дар паси идораи суду прокурор набошам. Дигар ҷое намондааст. Исботи ҳақиқат дар Тоҷикистон осон нест. Барои онки адолати судӣ нест, фақат ришва ва фасод ҳаст, тамом", -- мегӯяд Саид Ҳасанов, сокини шаҳри Душанбе.

Танҳо Саид Ҳасанов нест, ки солҳо боз барои, ба гуфтаи худашон, “барқарор кардани адолат” мубориза мебаранд. Тақрибан ҳар рӯз кмаш як нафар аз поймол шудани ҳуқуқи худ ва набудани адолат ба дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе муроҷиат мекунад. Баъзе аз онҳо мегӯянд, на танҳо қазияҳои ҷиноӣ, балки дар ҳодисаҳои хурди маъмурӣ ҳам исботи ҳақиқат дар Тоҷикистон мушкил шудааст.

Сабоҳат Салимова, сокини шаҳри Душанберо ҳафт моҳ пеш бо иттиҳоми майдаавбошӣ ҷарима бастанд. Салимова мегӯяд, барои исботи онки даъво ба зидди ӯ сохтааст, ҳафт моҳ боз ба чандин ниҳод муроҷиат кард, вале акси садое нашунид.

Ӯ далел меорад, ки баъд аз норозигиаш аз бунёди манзил дар ҷойи бозии кӯдакон аз сӯйи нозири минтақавӣ таҳдид шуд, ки агар бори дигар лаб кушояд, ӯро ҳабси маъмурӣ мекунанд. "Вақте ба даъво пойфишорӣ кардам, панҷ занро оварданд, то ба зидди ман шоҳидӣ диҳанд, ки ду шиноснома дорам ва одами шубҳаовар ҳастам. Вакте таҳқиқи мақомоти амниятӣ ин даъвоҳоро рад кард, маро муттаҳам карданд, ки бо ин занҳо ҷанҷол кардаам», -- нақл кард ӯ.

Мусоҳиби мо мегӯяд, «мушкил дар маблағи ҷарима нест, мушкил он аст, ки ҳақиқат нест. Ман ҳақиқат меҷӯям."

Намояндагони ҳукумат ба ин гуна назарҳо розӣ нестанд ва мегӯянд, ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон риоят шуда, адолати додгоҳӣ ҳам дар кишвар вуҷуд дорад. Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон, дар нишасти охири хабариаш дар моҳи феврали имсол назарҳоро дар бораи набудани адолати додгоҳӣ “гапи хушку холӣ” номид ва гуфт, “дар Тоҷикистон адолати судӣ ҳаст ва ба пуррагӣ таъмин аст.”

Мақомот мегӯянд, даъво аз рӯйи қарорҳои додгоҳӣ, ки сокинон онро “ноадолатӣ” мехонанд, табиӣ аст, чун дар аксар ҳолат ҳарду тарафро розӣ карда наметавонад. Аммо ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, дарёфти адолат солҳои охир дар Тоҷикистон ба маротиб мушкилтар шудааст.

Дар ин миён на танҳо шикояти сокинон, балки гузоришҳои байнулмилалӣ далел меоранд, ки чанде аз парвандаҳои пурсарусадо бе риояти адолати додгоҳӣ баррасӣ шудаанд. Аз ҷумла, аз парвандаи вакили мудофеъ Бузургмеҳр Ёров ёдрас мешавад, ки ба гуфтаи ин ниҳодҳо, барои дифоъ аз ҳуқуқи намояндагони Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ бо айбномаи калоне ба 28 соли соли зиндон маҳкум шуд ва бар асоси қонуни афв 6 соли онро кам карданд.

Ба ҳамин шева созмонҳои байнулмилалӣ аз маҳкум шудани аъзои раёсати Ҳизби ҳоло дар кишвар мамнӯи наҳзат, раиси пешини Ҳизби демократи Тоҷикистон Маҳмадрӯзӣ Искандаров, вазири собиқ, соҳибкор ва ташббускори таъсиси ҳизби “Тоҷикистон нав” Зайд Саидов, узви созмони насронии “Шоҳивони Яҳво” Шамил Ҳакимов ва дигарон ёдовар мешаванд.

Ба гуфтаи Дилрабо Самадова, ҳомии ҳуқуқ ва роҳбари “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ”, дар таъмини адолат нақши асосиро вакилони дифоъ ва ҳуқуқшиносон адо мекунанд. Вале, ба гуфтаи Самадова, вақте худи вакилони дифоъ барои корашон зери фишор қарор мегиранд, “адолатро таъмин кардан мумкин нест.”

“Ҳоло вакилони мудофеъ ҳангоми талош барои адолат бояд ҳам ёрии ҳуқуқӣ ба шаҳрванд, ҳам бехатарии худ ва ҳам бехатарии муштариёнро таъмин намоянд”, -- гуфт ӯ.

Ин ҳомии ҳуқуқ афзуд, барои таъмини адолат дар Тоҷикистон бояд додгоҳҳо мустақил бошанд, институти Омбудсмен фаъолтар шавад ва ҳам адвокатура аз назорати Вазорати адлия берун барояд.

Бо инки баъзе аз сокинон ва мақомот дар бораи таъмини адолат дар Тоҷикистон назарҳои гуногун доранд, вале як чиз мусаллам аст, ки дар паси ҳар шикоят аз беадолатӣ тақдири нафаре истодааст ва риоя нашудани ҳуқуқ ба дарёфти ҳақиқат метавонад, ҳаёти нафареро барбод диҳад.

XS
SM
MD
LG