Ссылки доступа

Ҳамкори боздоштшудаи Радиои Озодӣ дар Қримро бо барқ шиканҷа кардаанд


Владислав Есипенко
Владислав Есипенко

Маъмурони Хадамоти федеролии амнияти Русия (ФСБ) ҳамкори Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ Владислав Есипенкоро, ки дар нимҷазираи ишғолии Қрим боздошт шуда буд, ду рӯз бо барқ шиканҷа кардаанд.

Дар ин бора сармуҳаррири нашрияи "Ґрати" Антон Наумлюк дар саҳифаи худ дар Фейсбук хабар додааст.

"Ба сараш чизеро пӯшонида, онро ба барқ гузоштаанд ва тадриҷан нерӯи барқро баланд кардаанд. Ҳаминтариқ аз ӯ нахустин баёнот ё эътирофи гуноҳро гирифтаанд. Сипас суҳбатеро низ барои "Қрим24" сабт кардаанд", - навиштааст рӯзноманигор.

Хабари шиканҷа шудани Есипенкоро ба Наумлюк як манбаъ аз боздоштгоҳе расондааст, ки рӯзноманигор дар он нигаҳдорӣ мешавад.

Есипенко бо бахши украинии Радиои Озодӣ ҳамкорӣ ва дар тарҳи радио бо номи "Қрим. Воқеият" кор мекард. Ӯ шаҳрвандии Русия ва Украинаро дорад. Рӯзи 16 март дар Шуъбаи робита бо ҷомеаи Хадамоти федеролии амнияти Русия ё ФСБ гуфтанд, ки Есипенко 10 март барои ҷамъоварии иттилоъ ба "нафъи хадамоти махсуси Украина" дастгир шудааст.

Ҳомиёни ҳуқуқи Украина бо нашри як изҳороти муштарак аз мақомоти Русия талаб кардаанд, ки Есипенкоро озод кунанд. Ҳамчунин аз Украина ва ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват шудааст, ки ба Русия фишор оранд, то рӯзноманигорро раҳо кунад.

Президенти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ Ҷейми Флай боздошти Есипенкоро маҳкум кард.

XS
SM
MD
LG