Ссылки доступа

Писари президенти Туркманистон ба Лебап сафар кард, вале ба назди офатзадаҳо нарафт


Лебапский велаят Туркменистана (иллюстративное фото) 
Лебапский велаят Туркменистана (иллюстративное фото) 

Сардор Бердимуҳаммадов, писари президенти Туркманистон чанд рӯз пас аз шамоли харобиовар дар вилояти Лебап ба он минтақа сафар кард.

Бино ба хабарҳо, дар натиҷаи шамоли сахте, ки рӯзи ҷумъа вазида буд, дасти кам як нафар дар Лебап ҳалок шудааст. Ҷузъиёти ҳодиса ба далели маҳдудшавии дастрасӣ ба Интернет дар он вилоят номаълум аст.

Хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ мегӯяд, писари Бердимуҳаммадовро таҳти тадобири амниятии шадид дар Лебап пешвоз гирифтанд. "Тамоми роҳҳо ба минтақае, ки ӯ боздид мекард, баста буданд. Мақомоти маҳаллӣ тавре рафтор мекарданд, ки гӯиё худи Бердимуҳаммадови калонӣ омадааст", - афзуд ӯ.

Ба иттилои хабарнигор, Сардор Бердимуҳаммадов ба ҷои боздид аз минтақаҳои зарардида бо рафти сохтмони иншооти ҷашнии "Оқ Ой" дар Лебап шинос шудааст, ки бояд бахшида ба 30-солагии истиқлоли давлатии Туркманистон боз карда шавад.

Раиси ҷумҳури Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов писари 39-солааш Сардор Бердимуҳаммадовро моҳи феврали соли равон муовини сарвазир ва раиси Палатаи олии назорати он кишвар таъйин кард.

Бердимуҳаммадови хурдӣ то ин замон дар мақоми вазири саноати Туркманистон кор мекард. Пеш аз ин ӯ раиси вилояти Аҳал буд. Пай дар пай боло рафтани писари раиси ҷумҳури Туркманистон дар мақомҳои давлатӣ, миёни коршиносон ин гумонзаниҳоро ба миён овардааст, ки Бердимуҳаммедови 63-сола ӯро барои ҷойнишинии худ омода мекунад.

XS
SM
MD
LG