Ссылки доступа

Дар Қазоқистон рӯзона беш аз 1000 кас ба COVID-19 гирифтор мешавад


Дар Қазоқистон давоми як шабонарӯзи ахир 1 088 кас ба коронавируси нав ё COVID-19 мубтало шуда, ҳафт тани дигар бар асари ин вирус ҷон бохтааст.

Ҳамчунин 15 ҳолати мубталошавӣ ба "илтиҳоби шуши монанд ба коронавирус"-ро сабт кардаанд.

Ҳолатҳои нави мубталошавӣ ба коронавирус дар шаҳри Алмато сабт гаштааст. Рӯзи сешанбе дар ин шаҳр 380 ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирус тасдиқ шудааст. Шаҳри Нурсултон, пойтахти Қазоқистон аз рӯи теъдоди мубталоёни нав дар мақоми дувум аст. Дирӯз, 23 март дар он шаҳр 152 сокин ба вирус гирифтор шудааст.

Тибқи омори расмӣ, шумори умумии мубталоёни коронавируси нав дар Қазоқистон то имрӯз ба 235 095 расидааст. Аз ин теъдод 2 941 кас ҷон додаанд. Танҳо 21 март 10 ҳолати фавт бар асари вирус сабт гаштааст.

Ба иттилои донишгоҳи амрикоии Ҷонс Хопкинс, аз оғози вабои коронавирус то ҳол дар саросари дунё беш аз 124 миллион ҳолати мубталошавӣ ба коронавирус ва ҳудуди 2,72 миллион фавт бар асари онро ба қайд гирифтаанд.

XS
SM
MD
LG