Ссылки доступа

Русия дар пайдо кардани омилони бомбаборони Ҳалаб аз Туркия кумак хост


Александр Карпов
Александр Карпов

Низомиёни рус аз Туркия хостаанд, дар пайдо кардани ҷангҷӯёне мусоидат кунад, ки шаҳри Ҳалаби Сурияро бомбаборон мекунанд. Дар ин бора муовини раиси маркази оштии тарафҳои даргири Сурия Александр Карпов рӯзи чоршанбе хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, тундгароён 21 март аз Кафр-Ҳаннӣ ба минтақаҳои аҳолинишини Ҳалаб шаш мушак партоб кардаанд. Дар натиҷа ду сокини осоишта ҷон бохта, 17 тани дигар захмӣ шудааст, ки дар миёнашон кӯдакон низ ҳастанд.

"Низоми оташбас дар ҳудуди Сурия дар умум риоя мешавад. Вале бояд гуфт, ки оташкушоиҳо аз сӯи мавзеи гуруҳи террористии "Ҷабҳат ан-Нусра" мушоҳида мешавад", - изҳор дошт Карпов.

Пештар Вазорати умури хориҷии Туркия ба сафири Русия дар Анқара Алексей Ерхов роҷеъ ба бомбаборон шудани вилояти Идлиб ва минтақаҳое, ки дар онҷо низомиёни турк ҳузур доранд, изҳори нигаронӣ карда буд. Туркия гуфт, ин ҳамлаҳо ба субот ва амнияти минтақаҳое хатар дорад, ки аз суи Москва ва Анқара маконҳои амн эълом шудаанд.

XS
SM
MD
LG