Ссылки доступа

Порлумони Арманистон вазъи низомиро бекор кард


Заседание парламента Армении, архив

Порлумони Арманистон 24 март дар пайи як раъйгирӣ вазъи низомиеро, ки охирҳои моҳи сентябри соли гузашта эълом шуда буд, бекор кард.

Мухолифони Арманистон аз моҳи ноябри соли гузашта талаб доштанд, ки вазъи низомӣ бекор карда шавад. Вале мақомот ҳар бор дархости мухолифонро рад мекарданд. Дар раъйгирии ахир ҷиноҳи ҷонибдори ҳукумат "Қадами ман" аз лағви вазъи низомӣ ҷонибдорӣ кард.

Пештар мунаққидони сарвазири Арманистон Никол Пашинян гуфтанд, раиси ҳукумати он кишвар ба хотири ҳифзи қудрат намехоҳад вазъи низомиро баъди ба поён расидани задухурдҳои Қарабоғи Куҳӣ бекор кунад. Дар ҷараёни вазъи низомӣ баргузории тазоҳурот ва оғози раванди ба истеъфо фиристодани ҳукумат номумкин буд.

Никол Пашинян ба далели ҷанги шашҳафтаинаи хунини Арманистону Озарбойҷон барои Қаробоғи куҳӣ зери фишори афзояндаи тазоҳургарон ва мухолифони давлат қарор гирифтааст, ки мехоҳанд, ӯро ба истеъфо водор намоянд.

Ҳамаи президентҳои пешини Арманистон низ аз Пашинян талаб карданд, ки аз мақомаш истеъфо диҳад. Ситоди кулли қувваҳои мусаллаҳи Арманистон низ моҳи феврал истеъфои сарвазирро талаб кард. Вале Пашинян онро кушиши табаддулоти давлатӣ номид.

XS
SM
MD
LG