Ссылки доступа

Тазоҳуроти сокинони баландоёшнаҳои "ғайриқонунӣ" дар Бишкек


Беш аз 100 сокини баландошёнаҳои "ТЭЦ-2"-и шаҳри Бишкек 25 март дар назди бинои ҳукумати он кишвар ҷамъ шуда, хостанд, хонаҳои онҳо қонунӣ гардонида шавад.

Ин сокинони норозии Бишкек мегӯянд, беш аз 15 сол мешавад, ки мушкили онҳо ҳалли худро намеёбад. Таҷаммуъгарон ҳамчунин ба президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов муроҷиат карданд. Онҳо гуфтанд, намояндагони ҳукумат то ҳол бо онҳо вонахӯрдаанд.

Дар атрофи пойтахти Қирғизистон ингуна маҷмааҳои зист тақрибан 50 адад аст, ки сокинонашон аз камбуди зербиноӣ дар онҳо шикоят доранд. Ба ҷуз ин, бештари биноҳо ғайриқонунӣ сохта шуда, соҳибони хонаҳо то ҳол ҳуҷҷате дар даст надоранд.

XS
SM
MD
LG