Ссылки доступа

Тошканд – мизбони қаҳрамонии самбои ҷаҳон-2021


Тошканд мусобиқаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон-2021-ро баргузор мекунад. Ин тасмим дар ҷаласаи кумитаи иҷроияи Федератсияи байналмилалии самбо (FIAS), ки 24-уми март дар Маскав баргузор гардид, гирифта шуд. Мусобиқаи мазкур дар пойтахти Узбекистон аз 12-ум то 14-уми ноябр барпо мегардад.

Қаблан Маскав дар тақвими FIAS ҳамчун макони баргузории қаҳрамонии ҷаҳон номбар шуда буд. Аммо, ҳукми моҳи декабри CAS (Додгоҳи ҳакамии варзишӣ) Русияро барои даъвати мизбони мусобиқоти ҷаҳонӣ ва бозиҳои олимпӣ дар ин кишвар барои ду сол манъ кард. Дар ин росто, Федератсияи байналмилалии самбо дар якҷоягӣ бо Федератсияи самбои Русия тасмим гирифт, ки мусобиқаро ба дигар кишвар гузаронад.

«Мо барои баргузории чемпионати ҷаҳон аз Ассотсиатсияи самбои Узбекистон дархост гирифтем. Бо дарназардошти он ки Тошканд соли 2025 Бозиҳои осиёии наврасонро баргузор мекунад, ман ба Узбекистон имконияти додани мизбони ин мусобиқаро мувофиқи мақсад мешуморам», - гуфт президенти FIAS Василий Шестаков дар ҷаласаи кумитаи иҷроия.

Ин пешниҳодро аъзои кумитаи иҷроия пазируфтанд. Раиси Иттиҳоди самбои Осиё Аламҷон Муллоев гуфт, ки чемпионати ҷаҳонии самбо дар Тошканд мусобиқаи санҷишии Бозиҳои наврасони Осиё хоҳад шуд. Зимнан, мусобиқаи қаҳрамонии самбои Осиё низ моҳи июни имсол дар Тошканд барпо мегардад.

XS
SM
MD
LG