Ссылки доступа

"Ислоҳоти замин": дар Қазоқистон баъзе аз масоили мораторияро баррасӣ мекунанд


Вазири кишоварзии Қазоқистон Сапархон Омаров, ки муовинии раиси комиссия оид ба ислоҳти заминро бар зимма дорад, гуфт, дар кишвараш замин моликияти хусусӣ намешавад ва барои хориҷиён низ ба иҷора дода нахоҳад шуд.

"Заминҳои корам ҳамчун моликияти хусусӣ фурӯхта намешаванд ва он барои хориҷиён, шахсони бешаҳрвандӣ, ширкатҳои хориҷӣ, созмонҳои байналмилалӣ ё ширкатҳои дохилӣ бо иштироки хориҷиён низ ба иҷора дода нахоҳад шуд", - изҳор дошт Омаров. Вале ӯ афзуд, қонуне, ки ин ҳамаро пешбинӣ мекунад, дар порлумон мавриди баррасӣ қарор дорад.

Ба гуфтаи вазири кишоварзии Қазоқистон, феълан танҳо "баъзе аз масоили моратория" ҳалношуда боқӣ мондаанд.

Президенти нахустини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ибтидои моҳи майи соли 2016 ба ислоҳоти Кодекси замин, ки сар аз 24 апрел ба эътирозҳои мардумӣ дар як қатор шаҳрҳои ин кишвар сабаб гардид, моратория эълон карда буд. Вале муҳлати ин моратория 31 декабри имсол ба поён мерасад.

Ҳукумати Қазоқистон 23 март аз ташкили комиссия оид ба ислоҳоти замин хабар дод.

Муовини вазири кишоварзии Қазоқистон Рустам Курманов ҳафтаи гузашта хабар дод, ки комиссия 25 март дар ҷаласаи нахустини худ дар баробари масоили марбут ба замин сахттар кардани дарёфти шаҳрвандии Қазоқистонро ҳам баррасӣ хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG