Ссылки доступа

Фаъоли туркман баъди дархости паноҳандагӣ аз Путин ихроҷ шуд


Розгелдӣ Чолиев, як фаъоли 27-солаи туркманистонӣ, ки аз президенти Русия Владимир Путин дархости паноҳандагӣ карда буд, ба Туркия ихроҷ шудааст.

Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, эҳтимол аст, Туркия ҳам Чолиевро ба ватан, ки дар онҷо ба ӯ шиканҷа таҳдид мекунад, ихроҷ кунад.

Ин фаъоли туркман сокини шаҳри Ишқбодои Туркманистон аст, ки то чанде пеш дар як донишгоҳи Карачаево-Черкес таҳсил мекард. Ӯро моҳи январи соли 2020 баъди он ихроҷ карданд, ки дар як навор ҳукумати Туркманистонро танқид кард.

Вай пештар бо нашри як муроҷиатномаи видеоӣ аз Владимир Путин дархости паноҳандагӣ кард. Ӯ гуфт, марзбонони Русия аз 2 март аст, ки аризаи ӯро барои паноҳандагӣ қабул намекунанд ва ин боис шудааст, ки Чолиев барои пешгирӣ аз ихроҷаш аз Русия муроҷиатнома сабт кунад.

XS
SM
MD
LG