Ссылки доступа

Чин "ҳамла" ба брендҳои машҳури хориҷиро оғоз кардааст


Чин ҳамла ба брендҳои ғарбиро, ки муносибати низоми коммунистӣ бо уйғуру қазоқтаборон ва ақалиятҳои дигари мусулмон дар минтақаи Шинҷонро интиқод мекунанд, дар шабакаҳои иҷтимоӣ оғоз кардааст.

Ширкатҳои технологӣ ва расонаҳои давлатии Чин бо дастгирии шабакаҳои иҷтимоӣ, ки таҳти назорати шадиди мақомоти он кишвар қарор доранд, ба брендҳои машҳури ҷаҳонӣ ҳамла мекунанд.

Шуҳратмандони чинӣ робита бо истеҳсолгари либосҳои варзишии Nike ва ширкати бонуфузи шведии H&M-ро қатъ мекунанд. Ҳамчунин Чин истеҳсолгари бритониёии либосҳои Burberry-ро таҳрим кардааст.

"Пекин ба бархе аз хориҷиҳо иҷозат нахоҳад дод, ки ҳам биринҷи чиниро бихуранд ва ҳам табақашро шикананд", - гуфт намояндаи Вазорати умури хориҷии Чин Хуа Чунин.

Чин ба хотири нигаҳдории иҷбории беш аз як миллион уйғур, қазоқтабор ва намояндаи ақалиятҳои дигари мусулмон дар "марказҳои бозтарбия"-и Шинҷон аз соли 2017 ба ин сӯ мавриди интиқоди ҷомеаи байналмилалӣ қарор дорад. Худи Пекин иттиҳомро рад карда, урдугоҳҳоро "марказҳои омӯзишӣ"-е меномад, ки гӯиё ба хотири мубориза бо терроризму экстремизм таъсис дода шудаанд.

XS
SM
MD
LG