Ссылки доступа

Русия ба парвозҳо бо Узбекистон аз 1 апрел иҷозат дод


Русия аз 1 апрели соли равон парвози мунтазами ҳавопаймоҳоро бо Узбекистон аз сар хоҳад гирифт. Парвоз миёни пойтахтҳои ду кишвар ҳафтае як бор дар назар аст.

Хабаргузории давлатии РИА Новости рӯзи 25-уми март навишт, Русия аз оғози моҳи апрел парвозҳои мунтазамро бо Тоҷикистону Олмон, Венесуэла, Сурия, Узбекистон ва Шри-Ланка барқарор мекунад.

Татяна Голикова, муовини сарвазири Русия 25 март ба расонаҳои он кишвар гуфт, тасмими боз кардани парвозҳои мунтазам бо Узбекистон ва панҷ кишвари дигарро Михаил Мишустин, сарвазири ин кишвар дар ҷаласаи ситоди мубориза ба зидди COVID-19 эълон дошт.

Русия аз 27 марти соли гузашта ба далели пандемияи коронавирус парвозҳои мунтазамро бо кишварҳои дигар қатъ карда буд.

XS
SM
MD
LG