Ссылки доступа

Туркманистон - нахустин харидори нақлиёти низомии истеҳсоли Сербистон


Туркманистон нахустин кишвари хориҷист, ки нақлиёти низомии истеҳсоли Сербистонро харидорӣ кардааст. Дар ин бора Мирослав Лазанскӣ, сафири Сербистон дар Москва хабар додааст.

"Барои саноати низомӣ ва иқтисоди Сербистон хабари хушҳолкунандаест, ки ширкати ҳамоҳангсози маҷмаи низомиву саноатии Сербистон нақлиёти ҳамлдиҳандаи техникаи низомии "Лазар 3"-ро ба Туркманистон фурухт", - гуфт Лазанскӣ.

Сафир аз сифати "Лазар 3" тавсиф карда, харидории онро аз сӯи Туркманистон эътирофи саноати низомии Сербистон хондааст.

Туркманистон қисми зиёди аслиҳаашро аз хориҷ, аз ҷумла аз кишварҳои Иттиҳоди Аврупо харидорӣ мекунад.

Бино ба як таҳқиқоти рӯзноманигорӣ, сарфи назар аз монеаҳои Иттиҳоди Аврупо барои низомҳои худкома, Туркманистон дар солҳои 2007 то 2017 аз кишварҳои аврупоӣ ба қиммати 370 млн евро таслиҳоти низомӣ харидорӣ кардааст. 76 дарсади ин хариду фурӯш бо Италия сурат гирифтааст.

Бердымухамедов на боевых учениях
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:00:37 0:00

XS
SM
MD
LG