Ссылки доступа

Табибони қирғиз аз эмшавӣ бо ваксинаи чинӣ худдорӣ мекунанд


Намояндаи Вазорати тандурустӣ ва рушди иҷтимоии Қирғизистон Бурул Асикбекова гуфт, бештари табибони он кишвар алоқаманд ҳастанд, ки бо ваксинаи русӣ зидди коронавирус эм карда шаванд.

Ба гуфтаи ӯ, теъдоди дақиқи табибоне, ки аз эм шудан бо ваксинаи чинӣ зидди коронавирус худдорӣ мекунанд ва сабаби ин тасмимашон баъди оғози маъракаи эмкунии оммавӣ дар он кишвар маълум мешавад.

"Бар асоси нақша, бояд муайян кунем, ки кӣ мехоҳад, эм шавад. Дар миёни табибон онҳое ҳам ҳастанд, ки аллакай ба коронавирус мубтало шудаанд ва намехоҳанд бо ваксинаи чинӣ эм шаванд. Бештари онҳо мегӯянд, бо ваксинаи русӣ эм карда шаванд", - афзуд.

Вазорати тандурустии Қирғизистон мегӯяд, 29 март дар он кишвар даври аввали эмкунӣ зидди коронавируси нав оғоз хоҳад шуд. Дар навбати аввал қарор аст, кормандони ҳифзи ҳуқуқ, муассисаҳои таълимӣ ва онҳое эм карда шаванд, ки дар минтақаҳои хатарнок, беморхонаҳо ва "ёрии таъҷилӣ" кор мекунанд.

Қирғизистон 19 марти соли равон 150 ҳазор моя ваксинаи чинии Sinopharm дарёфт карда буд. Он барои 75 ҳазор одам мерасад.

XS
SM
MD
LG