Ссылки доступа

Қазоқистон 187 гектар замини боғи миллияшро ба иҷора медиҳад


Боғи миллии Иле-Алатаускийи Қазоқистон, воқеъ дар наздикии шаҳри Алмато озмунеро эълом кардааст, ки ба иҷора додани наздики 187 гектар замини боғро пешбинӣ мекунад.

Бино ба эъломи сомонаи Иле-Алатауский, барандаҳои озмун бо мақсади ташкили маконҳои сайёҳӣ ва фароғатӣ метавонанд заминҳои боғро ба муҳлати аз 5 то 25 сол ба иҷора гиранд.

Ин озмун аз 26 то 30 апрели соли равон баргузор шуда, дархостҳо барои он то 26 апрел қабул карда мешавад.

Ҳукумати Қазоқистон соли гузашта низ 35 ҳектар замини Иле-Алатаускийро барои 49 сол ба як ширкати хусусӣ ба иҷора дод. Иҷорагир гуфт, ки мехоҳад дар онҷо экотуризм (сайёҳии зистмуҳитӣ) ташкил кунад.

XS
SM
MD
LG