Ссылки доступа

Қазоқистониҳо зидди сохтмони корхонаҳои нави чинӣ эътироз карданд. Пулис бархеҳоро боздошт кард (видео)


Рӯзи шанбе 27 март дар Қазоқистон зидди сохтмони корхонаҳои нави чинӣ эътироз барпо шуд.

Эътирозгарон аз он норозӣ буданд, ки ҳукумати Қазоқистон замин ва дигар амволро ба Чин мефурӯшад, вале барои рушди тиҷорати маҳаллӣ кӯмак намерасонад.

Жанболат Момай, роҳбари ҳаракати "Ҳизби демократии Қазоқистон" ва сиёсатмадори мухолифи ҳукумати Қазоқистон Мухтор Аблязов сокинонро ба эътироз даъват карданд.

Дар шаҳри Алмато дар эътироз наздики 300 сокин ширкат варзид. Сокинон аз сохтмони 56 корхонаи чинӣ дар Қазоқистон изҳори норизоӣ карданд. Онҳо ҳамчунин даъват карданд, ки замин ба хориҷиҳо фурӯхта нашавад.

Мақомот ба баргузории ин эътироз иҷозат дода буданд, вале сарфи назар аз ин, наздики 10 тан аз фаъолон боздошт шуданд.

Дар шаҳрҳои дигари Қазоқистон низ эътироз бо талаби нафурӯхтани замин ба хориҷиҳо ва озодии зиндониёни сиёсӣ баргузор шуд.

XS
SM
MD
LG