Ссылки доступа

Роҳбари нахустин иттифоқи мустақили коргарони Узбекистон аз фишорҳо шикоят дорад


Фаъолони нахустин иттифоқи мустақили коргарони Узбекистон бо номи "Иттиҳоди мардумӣ" гуфтанд, мақомот онҳоро зери фишор гирифтаанд.

Роза Агайдарова, раиси иттифоқ гуфт, раиси ноҳияи Оқалтини Узбекистон ба деҳқонон фишор меорад, таҳдиди ғасби заминҳояшонро мекунад ва дар вилояти Сирдарё раиси бахши вилоятии "Иттиҳоди мардумӣ"-ро даъват кардаанд, ки ба иттифоқи давлатӣ пайванданд.

Роза Агайдарова гуфт, ки иттифоқ то замони сабти ном шудан дар вазорати адлия таҳти фишор буд. Ин созмон рӯзи 19 март сабт шуд.

Эътилофи байналхалқии Cotton Campaign рӯзи 24 март аз ҳукумати Узбекистон даъват кард, ки ба фаъолияти иттифоқи мустақили коргарон дахолат накунад. Дар изҳороти эътилоф аз ноиб-президенти Эътилофи амрикоии пойафзолдузону либосдузон Нейт Ҳерман нақл қавл шудааст. Вай гуфтааст, "ташкили иттифоқи мустақили коргарӣ дар Узбекистон ҳодисаи муҳим аст ва барои касби эътимод ба тамғаҳову фуруши чакана кумак мекунад".

XS
SM
MD
LG